Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

«Мерседес-Бенс» «афюн»-ро ба «манзил» нарасонд

3 сентябр 2012, 09:47

Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни амалиёти вижае миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира кардаанд.

Тавре ба Озодагон аз ин ниҳод иттилоъ доданд, дар ҷараёни гузаронидани амалиёти оперативӣ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки аз ҷониби сокини маҳаллӣ идора мешуд, мавриди боздошт қарор доданд. Зимни санҷиш аз бордони автомашина зарфи фулодие пайдо шуд, ки дар дохилаш моддаи хамирмонанди дорои бӯи махсус дошт.
«Дар пайи ташхиси лабораторияи судии раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон муайян гардид, ки моддаи мусодирашуда навъи афюн буда, вазни он бештар аз 10 килоро ташкил медодааст»,-афзуд манбаъ.
Дар пайи тафтишот маълум гардид, ки ин миқдори махсусан калони афюн ба мусофири автомашина, шаҳрванди 49 солаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон тааллуқ дорад.
Бино ба иттилоъи манбаъ, мавсуф қаблан бо моддаи 200, қисми 4-и кодекси ҷиноӣ ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!