Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:51

Лоиҳаи «Кодекси андоз» дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд

3 сентябр 2012, 12:41

Ин ҷаласа, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон  баргузор гардид, мавзӯъи мазкурро мавриди муҳокима қарор дод.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов дар бораи мақсад ва зарурати таҳияи лоиҳаи кодекси номбурда суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар лоиҳаи Кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисобдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар муқоиса бо Кодекси амалкунанда дар Кодекси нав 25 тағйироти асосӣ вобаста ба сиёсати андоз ва 10 тағйироти асосӣ вобаста ба маъмурикунонии андоз ворид карда шудааст. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳоро баррасӣ намуданд.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!