Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:09

2011-05-05 11:25

5 май 2011, 06:25

Ҷоизаи вижа барои хабарнигорони кишвар таъсис ёфта, ҳамакнун дар интизори довталабон аст.

Дар ин бора ба «Озодагон» раиси Шӯрои ВАО Зинатуллоҳи Исмоил иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, бо мақсади  ҳавасманкунонии журналистон, риояи одоби касбӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ Шӯрои ВАО барои нахустин бор ҷоизаи худро таъсис дод, ки дар он  тамоми воситаҳои ахбори оммаи кишвар- радио, телевизион, матбуот ва агентиҳои иттилотӣ метавонанд довталаб бошанд.

Ҷоизаи мазкур 3-юми майи соли равон таъсис ёфт ва то 3-юми майи соли 2012 идома хоҳад ёфт. Ба қавли номбурда барои натиҷагирӣ кардан аз фаъолияти як солаи ВАО-и кишвар дар робита ба ноил шудан ба ин ҷоиза комиссияи махсусе таъсис дода шудааст ва онҳо нигоштаҳои ҳаррӯзаи ҳамкасбонамонро натиҷагирӣ мекунанд.

Гуфта мешавад,  минбаъд озмуни мазкури шӯрои ВАО-и кишвар ба беҳтарин журналист  дар ҳамин вақт гузаронида мешавад ва дар он чӣ қадар ки иштирокчиён зиёд бошад, ба манфияти кор аст.

Ёдрас менамоем,  шўрои ВАО-и кишвар 30 октябри соли 2009 таъсис ёфтааст ва   роҳбари ин ниҳод то моҳи апрели соли 2011 ба зиммаи профессор Иброҳим Усмонов  буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!