Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:37

Милиса ҷавонони «авбош»-ро ҷустуҷӯ дорад

4 сентябр 2012, 07:05

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт боз як гурӯҳ ҷавононро бо ҷурми авбошӣ дастгир карданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи амалиёти мазкур Юсуф Носирови 29 сола, сокини кӯчаи Қабодиён, Маҳмад Ҷобирови 29 сола, сокини кӯчаи Лӯчоб, Алишер Салимови 23 сола, сокини кӯчаи Навободи пойтахт боздошт шудаанд.
Манбаъ афзуд, ки ин нафарон рӯзи 3-юми сентябр дар назди нуқтаи шустушӯи мошинҳо, воқеъ дар кӯчаи Карамови пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ Хайрулло Алиеви 49 сола, соҳибкор, Баҳрулло Алиеви 23 сола, Алишер Алиеви 22 сола, сокинони кӯчаи Фирӯз ва Парвиз Олимов 27 сола, сокини кӯчаи Нусратулло Махсумро лату кӯб намудаанд. Дар  натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
«Феълан, барои дастгир кардани ҷинояткорони дигар чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад»,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!