Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

Сафири Туркия тоҷикистониёнро ба ҷашни истиқлолият табрик кард

8 сентябр 2012, 05:11

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Точикистон Мехмет Мунис Дирик тамоми мардуми кишварро ба муносибати 21-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

«Тоҷикистон 21 сол кабл ба тамоми ҷомеаи башарӣ эълом дошт, ки мисли дигар давлатҳои соҳибисиқлол баробарҳуқуқ аст ва минбаъд тақдири кишвари худро танҳо мардуми Тоҷикистон муайян менамояд. Туркия яке аз нахустин давлатҳое буд, ки 16-уми декабри соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, 29-уми январи соли 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд. Ҳамзамон, 4-уми августи соли 1992 фаъолияти Сафорати Туркия дар Тоҷикистон шурӯъ гардид»,-гуфта мешавад дар шодбошии сафир.

Дар идома Мехмет Мунис Дирик меафзояд, ки: «Итминон дорам, ҳамкории дӯстонаву бародаронаи кишварҳоямон ояндаи дурахшон дорад. Зеро чуноне ки дар осори Мавлоно Румӣ дар миёни инсонҳо ишқро чун офтоб ва дӯстиву рафоқатро чун дарё арзёбӣ намудаанд, месазад, ки миллатҳоямон ба ин андарзи Мавлоно рӯ оварда бошад».

-Ба ин манзур бори дигар таҷлили 21 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта умедворам, ки равобити кишварҳоямон уфуқҳои тозаи давлатдориро ноил мегардад. Дар охир аз номи роҳбарияти кишварам, хоса аз номи худам фарорасии ин ҷашнвораро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арз медорам ва таманнои онро дорам, ки оромиву осудагӣ насиби мардуми шарифи Тоҷикистон бошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!