Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Ифтитоҳи бахши нави «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Рашт

11 сентябр 2012, 04:11

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»дар  Рашт филиали нави худро боз намуд.

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамти матбуотии бонки мазкур иттилоъ доданд: «Бо ифтитоҳи филиали нав 83 нафар ҳамватанон соҳиби ҷойи кори нав гардиданд. Бояд зикр кард, ки бинои нави филиал ҷавобгӯ ба талаботи муосири бонкдорӣ ва дар асоси бренди ягонаи бонк бунёд гардида, бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз карда шудааст».

Дар маросими ифтитоҳи филиал масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Рашт, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказиву филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамчуни, бо иштироки раисони ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол аз ҷониби раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»Тоҷидин Пиров дар маркази ноҳияи Ҷиргатол хишти аввали бинои филиали бонк гузошта шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!