Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:19

САSA-1000: Аз нишасти Дубай то ҳамойиш дар Исиқ Кӯл

14 сентябр 2012, 04:34

Душанбе ва Бишкек ҷиҳати ҷалби сармоя ба тарҳи CASA-1000 барномҳои худро бо   ҳамоҳанг мекунанд.

Дар ин бора Назар Ғоибов, муовини сардори раёсати энергетикаи вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар Иссиқ Кӯли Қирғизистон дар чорчуби баргузории як анҷумани байналмиллалӣ ба рӯзноманигорон иброз дошт. Ба гуфтаи вай, то ҳоло ин ду кишвар машғули ҷалби сармоя ба ин тарҳ ҳастанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин тарҳ 270 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.
Маврид ба ёдоварист, даҳаи дуввуми моҳи майи соли равон дар Дубайи АМА нишасти Шӯрои байнидавлатии тарҳи CASA-1000 баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон, ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонй, Барномаи рушди байналмилали Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Бонки исломии рушд, Бонки рушди Осиё ва чанд созмони молии байналмилалӣ ширкат доштанд.
Зимни он нишаст низ  ба манзури ҳамоҳангии фаъолиятҳо ва иҷрои ба мавқеи қарорҳои нишастҳо, ҳайати мудирони тарҳи CASA-1000 интихоб шуд. Дар нишасти Дубай кумитаҳои марбут ба суръат бахшидан дар раванди иҷрои тарҳи мазкур ва дабирони кумитаҳо низ таъйин шуданд ва тазаккур дода шуд, ки бояд моҳи феврали соли 2014 тарҳи CASA-1000 ба баҳрабардорӣ бирасад.
Маврид ба ёдоварист, ки CASA-1000 бахше аз тарҳи эҷоди бозори минтақайии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Чанубӣ, бо номи CASAREM аст ва амалӣ шудани он имкон хоҳад дод ҳамасола 1000 Меговатсоат нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил шавад.
Арзиши тарҳи CASA-1000 873 миллион доллар баровард шудааст, ки интизор меравад бахши аъзами онро ниҳодҳо ва кишварҳои сармоягузор пардохт кунанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!