Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

2011-05-05 11:48

5 май 2011, 06:48

Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Интизор меравад, ин чорабинӣ рӯзҳои 25-27 майи соли равон дар бинои Филармони давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардад. Тибқи иттилои вазорати фарҳанги кишвар барои ширкат дар намоишгоҳ  сафорату намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилали муқими Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷии интишоротӣ, тиҷорати китоб, оҷонсиҳои адабӣ ва иттилоотӣ даъват карда мешаванд. Зимнан, дар ҳаҷми 4 метри мураббаъ ҷой ва таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ғурфаю қафасаҳо ва рафҳои китобмонӣ ба ихтиёри ҳамаи иштирокчиён ба таври ройгон гузошта мешаванд. Аммо хароҷоти  рафтуомад, ҳамлу нақли маводи намоишӣ ва истиқомати ширкаткунандагони хориҷӣ, ки дар намоишгоҳ иштирок мекунанд, аз ҳисоби худи онҳо сурат мегирад. Дархостҳо барои ширкат дар ин чорабинии фарҳангӣ то 15-уми майи соли равон бо нишонии вазорати фарҳанг қабул карда мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!