Бахшҳо

Матлубхон Давлатов: Интиқоди Кодекси нави андоз нотавонбинӣ аст

Муовини аввали нахуствазири кишвар (собиқ мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ) интиқоди Кодекси андози нави Тоҷикистонро дар матбуот нотавонбинӣ медонад.

Номбурда нодида гирифтанро дар ростои он ки гӯё дар Кодекси нави андоз барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ тақрибан сабукие нест, нодуруст хонд: «Мо боварӣ дорем, ин Кодекс барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад. Боиси иҷрои буҷет мегардад». Баробари ин Давлатов эътироф дорад, ки сарфи назар аз тағйиру иловаҳои зиёд Кодекси андози ба тозагӣ қабул шуда, «аз камбудиҳо холӣ нест».

Ҳамзамон, муовини аввали нахуствазир Кодекси андозро ҳуҷҷати муҳимтарини рушди иқтисодиёти Тоҷикистон номида, таъкид намуд, ки кӯшишҳо дар самти такмили низоми андозӣ бояд пайваста сурат гиранд: «Рӯз то рӯз бо преблемаҳои нав мешаванд, ҳаёт аст. Ҳаёт боз нишон медиҳад, ки тағйиротҳо бояд шаванд».

Маврид ба ёдоварист, Кодекси андози нави Тоҷикистон ҳафтае пеш аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуда, имрӯз аз сӯи вакилони  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ дастгирӣ ёфт. Он аз 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Барои таҳияи Кодекси нав аз ҷониби доираҳои соҳибкорӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ҳудуди 4 ҳазор пешниҳод ирсол шудаанд, ки на ҳамаи онҳо қабул гардидаанд.

Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, агар ҳамаи пешниҳодҳоро зимни таҳияи Кодекси андоз қабул мекарданд, коҳиши даромади буҷет то ба 3,2 миллиард сомонӣ мерасид, ки барои давлат иҷрои вазифаҳои иҷтимоиашро дар назди мардум хеле мушкил мекунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)