Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 13:34

Иштироки Ҷамъияти тоҷикони Кореяи ҷанубӣ дар Фестивали байналмилалии «World Peace Parade»

19 сентябр 2012, 09:39

Дар пойтахти Кореяи ҷанубӣ шаҳри Сеул Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони  «World Peace Parade»  баргузор гардид, ки тоҷикон низ дар ин ҳамоиш иштирок намуданд.

Тавре азХадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, фестивали мазкур дар яке аз варзишгоҳҳои боҳашамати ин кишвар- Seoul Olympic Stadium гузашт, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ширкатҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, идораву корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин фестивал  Ҷамъияти тоҷикон дар Кореяи ҷанубӣ», ки раисии онро  Рустамҷон Бобоев ба ӯҳда дорад, намояндагӣ мекард, гуфт: « Дар ин фестивал дар қатори намояндагони дигар кишварҳо, аъзоёни ин ҷамъият парчами Тоҷикистонро боло бардошта аз парад гузаштанд». Фестивали «World Peace Parade» шашумин бор аст, ки дар ин кишвар доир мегардад ва бори нахуст намояндагони Тоҷикистон дар он ширкат мекунанд. Дар фестивал мусобиқаҳои варзишӣ, рақсу сурудхонӣ ва намоишҳои диданӣ аз сӯи ташкилкунандагони ин чорабинӣ ба роҳ монда шуда буд.















Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!