Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 21 июл 2017, 01:36

«Олами фарҳанги ҷопонӣ» дар Душанбе

24 сентябр 2012, 05:06

Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизбони намоиши мавсум ба «Олами фарҳанги ҷопонӣ» шуд, ки ба ифтихори 20-умин солгарди барқарор намудани муносиботи дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон роҳандозӣ гардид.

Комрон Холов, масъули бахши фарҳангии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон гуфт: «Дар ин чорабинӣ мо мутахасисони соҳаи фарҳанги Ҷопонро даъват намудем, ки онҳо санъати Икибана (ороши гулҳо) ва Сумие (расомӣ)-ро намоиш доданд. Хонума Мидори Ямада мутахасиси санъати Икибана буда, бо ёрдамчии худ Надежда Кузнетссов дар Маскав мактаби Икинобо доранд, ки дар ҳудуди Русия ва ИДМ фарҳанги Ҷопонро муарифи мекунанд».

Дар Китобхонаи миллӣ бошад, барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дарси омӯзиши «мастер-класс» гузаронида, шуд, ки толибилмон бо санъати Сумие ва Икибана ошно гардиданд.
Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ният дорад, рӯзҳои наздик дар назди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ як намоиши консертӣ бо иштироки сарояндагони тоҷик баргузор намояд.

«Дар ин консерт сарояндагони тоҷик бояд мусиқаҳои санъати ҷопониро навозанд, чун Ҷопон ба театри мазкур асбобҳои мусиқӣ тӯҳфа намуда буд»- афзуд Комрон Холов .
Инчунин дар назар аст, моҳи январ дар Тоҷикистон ҷашнвораи ҷопонӣ доир гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!