Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Оташсӯзии сехи пахтатозакунӣ 12 000 сомонӣ хисорот овард

24 сентябр 2012, 05:55

Кафидани чароғаки тафсон сабаби сӯхтор дар амбори ҷамъияти «Тоҷикматлубот» гардид.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, шаби 22 ба 23-юми сентябри соли равон дар амбори ҷамъияти «Тоҷикматлубот», воқеъ дар кӯчаи Шар-Шари ноҳияи Вахш дар сехи пахтатозакунӣ сӯхтор ба амал омадааст.

Бино ба иттилои манбаъ, анбори мазкур ба иҷоракор Сабзалӣ Табарови 38 сола, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ таълуқ доштааст. Дар натиҷаи сӯхтор 580 метри квадартӣ, 100 килло пахтаи тозакардашуда сӯхта, дар вақти сӯхтор корманди сехи пахтатозакунӣ Раҳматулло Валиеви 23 сола, сокини ҷамоати деҳоти Киров, ҷароҳати сӯхтагии дараҷаи 3-юм (40%) гирифта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудааст.

«Зимни санҷиш муайян шуд, ки зарари расида 12000 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор аз кафидани чароғаки тафсони барқӣ дар дохили сехи пахтатозакунӣ унвон мешавад. Гунаҳгори ҳодисаи сӯхтор худи иҷоракор Сабзалӣ Табаров аст»,-афзуб манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!