Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:16

Нахуствазири Туркия бори сеюм ҳам пирӯз шуд

13 июн 2011, 11:51

Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои сеюмин бор нахуствазири Туркия интихоб гардид. Тибқи иттилои расида, дар ҳоли ҳозир шумориши ҳудуди 99-дарсади варақаҳои интихобӣ, ки дирӯз дар Туркия сурат гирифт, ба анҷом расидааст.

Бар асоси гузоришҳо, ҳисоби пешакии баргаҳо нишон дод, ки  ҳизби «Адолат ва Тавсеа»  беш аз 50 дарсади овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварда, ҳизби секулярии «Ҷумҳурии Халқ» бо касби 24-фойизи овоз дар ҷойи дуввум қарор дорад. Ҳамин тавр, ба ҷонибдории ҳизби экстремистии «Ҷунбиши миллатгаро» 13 дарсади интихобкунандагон раъй додаанд.
Қаблан коршиносон ҳадс мезаданд, ки дар интихоботи мазкур ҳизби Эрдуғон пирӯзии комил ба даст меорад, аммо натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки курсиҳои ин ташкилоти сиёсӣ аз теъдоди қаблии он камтар аст. Ба ин тартиб ҳизби Адолат ва Тавсеа 326 курсӣ дар порлумонро ба даст меорад, ки барои тағйири Қонуни асосии Туркия ҳудуди 41 мандати дигар намерасад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни эъломи пирӯзии ҳизбаш дар ҳузури сокинони Анқара гуфтааст, "Мардум ин интизориро доранд, ки Қонуни асосии ҷадиде аз тариқи музокира қабул шавад». Маврид ба ёдоварист, Конститутсияи Туркия дар пайи як табаддулоти ҳарбӣ дар соли 1982 қабул гардида, тайи чанд соли ахир ҳукумати таҳти сарварии Эрдуғон кӯшиш дошт, тағйиру иловаҳоро ба он ворид кунад.
Гуфта мешавад, ҳамакнун  ҳизби «Ҷумҳурии Халқ» дар интихобот 135 курсӣ ба даст овардааст, ки 23 курсӣ беш аз интихоботи соли 2007 аст. Ҳизби «Ҷунбиши миллатгаро» 54 курсиро соҳиб шудааст, ки дар қиёс ба интихоботи қаблӣ 14 курсӣ камтар аст.
Масъулини интихоботи феълӣ иштироки интихобкунандагонро дар ин маъракаи сиёсии Туркия «олӣ» арзёбӣ карда гуфтаанд, мизони ширкат дар маҷмӯъ 84 дарсадро ташкил дод.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!