Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:28

Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷҳизоти иртиботӣ гирифт

27 сентябр 2012, 04:21

Ҷон Фрейвел, атташеи ҳарбии сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсионӣ тақдим кард.

«Мо умедворем, ин таҷҳизот дар таъмини амнияти марзбонон, ки барои амнияти  Тоҷикистон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, кӯмак мерасонад»,-иброз дошт Ҷон Фрейвел зимни чорабиние бахшида ба ин муносибат. Тавре аз сафорати Амрико дар Душанбе ба Озодагон гуфтанд, дар ин чорбинӣ генерал-майор Шараф Файзуллоев, полковник Солех Шехов ва майор Зариф Ҳакимов ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ҳукумати Амрико барои барномаҳое, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, институтҳои демократӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, зиёда аз 984 миллион доллар ҷудо кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!