Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:53

Шаҳритус: Тоҷирон 59.000 сомонӣ ҷарима шуданд

13 июн 2011, 12:07

26- нафар соҳибкорони ноҳияи Шаҳритус  ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.Тибқи иттилои Мурод Ашӯров,

масъули матбуотии агентии Тоҷикстандарт барои риоя накардани қонунҳои соҳавӣ, санаду ҳуҷҷатхои меъёрӣ, ки маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯ набударо ба фурӯш гузоштаанд, ин теъдоди тоҷирон аз ҷониби масъулини маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Шаҳритус ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Аз ин гурӯҳи соҳибкорон ба миқдори 59 ҳазору 50 сомонӣ ҷарима руёнида ба буҷаи давлат супорида шуд. Гузашта аз ин, кормандони ин марказ тӯли ду моҳи ахир    дар нуқтаҳои фурӯши ноҳияи Шаҳритус 39- санҷиш гузаронида, дар натиҷа ба 7- нафар соҳибкор огоҳномаи  ислоҳи камбудӣ ва 11 -ҳолат огоҳномаи манъи фурӯши маҳсулоти ғайристандартиро муқаррар намудаанд. Бино ба қавли манбаъ, маҳсулоти аз фурӯш бозмондаро асосан чой, равған ва маҳсулоти қанодию ширӣ ташкил медиҳанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!