Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:13

Директори ҶДММ «Навбаҳор-98» боздошт шуд. Бо ҷурми қаллобӣ

29 сентябр 2012, 05:17

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт зимни як амалиёт Ёдгор Назарови 48 сола, директори  ҶДММ «Навбаҳор-98»-ро дастгир кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодагон хабар дод, ки боздоштшуда сокини ноҳияи Ҳисор мебошад. Ӯ аз вазифаи худ истифода намуда, бо имзо ва муҳри корхонааш ҳуҷҷати расмии баръало қалбакӣ таҳти №7 аз 31.03.с.2011 бо роҳи сохтакорӣ истифода бурда, ба суратҳисоби бонкии ҶДММ-и мазкур аз суратҳисоби ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи Чехови шаҳри Душанбе маблағи пулӣ ба миқдори як миллиону 260 ҳазор сомониро бо истифодаи техникаи компютерӣ гузаронидааст.

Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.    



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!