Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Дастаҳои Лигаи олӣ ба даври навбатии чемпионат омодагӣ мебинанд

29 сентябр 2012, 05:21

Даври 18-уми бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мегардад.

Се бозии аввали ин давр имрӯз, 29-уми сентябр доир мегардад. Дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент вориди сабқат мешавад. «Хайр»-и Ваҳдат ва ССКА «Помир» дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат рақобат хоҳанд кард. Рақобати «Хосилот»-и Фархор ва «Гвардия»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии Фархор баргузор мегардад.

Ду бозии дигари даври 18-ум рӯзи 30-юми август анҷом хоҳад шуд. «Истаравшан»-и Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Родник»-и Спитамен қувваозмоӣ хоҳанд кард. Бозии «Энергетик»-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе мегузарад.

Ёдовар мешавем, дар даври 16-уми бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан тими «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. «Ҳосилот»-и Фархор аз «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. «Хайр»-и Ваҳдат бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!