Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:11

Вожаҳо марз намешиносанд

29 сентябр 2012, 05:08

Марзи забон аз дидгоҳи Наҷми Ковиёнӣ

Аслан, барои муаррифии соҳиби ин ному насаб барои тоҷикони мутолиагар ҳоҷат набувад. Чун рисолаву мақолаҳои эшон дар масъалаҳои баҳсноки худшиносии миллӣ ва миллатсозӣ тӯли бист соли охир дар расонаҳои чопиву электронии форсизабони дунё ҳамвора ба табъ мерасад ва хонандаи ҳушмандро ба идомаи ҷустуҷӯи посух ба саволи "Мо кистем ва ба куҷо равона ҳастем?" раҳсипор месозад. Албатта, ба саволи боло ҳар кас (сиёсатмадор, тоҷир, фарҳангӣ…), вобаста ба фаҳмишу тавоноии зеҳнии хеш ҷавобе дорад, вале посух ё кӯшиши посухи Наҷмиддини Ковиёнӣ аз зовияи дигар, даричаи дигар аст. Дар ҳоле, ки мутаассифона, аксари тоҷикони минтақа дар сар ҳавову ҳаваси худхоҳонаву бегонаситезӣ доранд, Наҷмиддини Ковиёнӣ дар навиштору пайкор зоҳиран дар масъалаҳои доғи тоҷикони Афғонистон месозаду месӯзад, вале бо андак таҳаммул фарёду фиғону дили ӯро бемуҳобот акси садои дили Тоҷик метавон қабул кард.
Дарду доғи Тоҷик дар пиндору навиштори Ковиёнӣ танҳо дарди бародарони афғонстонӣ нест, балки он ормони тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Қадру қимат, гиромидошт ва беҳдошти забони форсӣ (форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон, тоҷикӣ дар Тоҷикистон) ба ҳайси сутунмӯҳраи миллати замоне тамаддунсозу ҳолиё парешону баҳамнаомада, меҳвари нигоштаҳои ду даҳсолаи пасини устод Ковиёниро ташкил медиҳад. Барои намуна, рисолаи аз ҳамин зовия таълифу дар Тоҷикистон табъшудаи эшон "Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме…(Пажӯҳиш бар замона ва корномаи рӯзномаи "Бухорои шариф")"-ро ёд овардан басанда бувад, ки ба меҳру ихлоси решапайвандии Наҷмиддини Ковиёнӣ ба мо, бародарони меросбари фарҳангу адаби чандҳазорсолааш, сарфаҳм равӣ.
Мақолаи пурмӯҳтавои устод Ковиёнӣ "Вожаҳо марз намешиносанд"-ро, бо дастрасӣ аз сомонаи WWW.firouzkoh.com  ба таваҷҷӯҳи аҳли назар пешкаш намуда, ёдрас намуданием, ки эшон дур аз Ватани аҷдодӣ, дар Пажӯҳишкадаи байналмилалии таърихи иҷтимоии Амстердам, дар риштаи таъриху фарҳанги форсизабонони дунё бо омӯзишу пажӯҳиш машғул аст.
Дарвоқеъ, устод Ковиёнӣ  ширкаткунандаи нахустин Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар Душанбе (с. 1992) буд.          

Қироншоҳи ШАРИФЗОДА

Дар чанд даҳаи пасин, гурӯҳҳои муайяне дар дарун ва беруни давлати Афғонистон қаламрави густурдаи забони форсии дариро  бар пояи марзҳои сиёсӣ пора-пора мекунанд ва марзи забонро дар чаҳорчӯби марзҳои сиёсии кишвар маҳдуд менамоянд ва дар пайи он бо корбурди шуморе аз вожаҳои форсии дарӣ ба далели ин ки ин вожаҳо дар берун аз марзҳои сиёсии Афғонистон истифода мешаванд, мухолифат мекунанд ва бар онҳо барчаспи "бегона"-ро мезананд.
Ба гунаи намуна:
Ҳамин ду рӯз пеш (14 сунбулаи 1391-и ҳиҷрӣ, 4 сентябри 2012-и мелодӣ), мухолифати чанд узви яке аз кумиссионҳои Порлумони Афғонистон бо корбурди вожаи "донишгоҳ" ва "донишҷӯ" ҷанҷол барпо кард ва дар расонаҳои дарунӣ ва берунии кишвар бозтоби густурда ёфт.
Басир Бобӣ, хабарнигори балхӣ ҳамроҳ бо ду корманди аршади телевизиони давлатии вилояти Балх дар соли 1386 ҳ./2008 м. ба хотири корбурди вожаҳои "донишгоҳ", "донишкада" ва "донишҷӯ" дар як матни форсӣ ба ҷойи вожаҳои "пуҳантун", "пуҳанзай" ва "муҳассил" тавассути ҳукумати Афғонистон муҷозот шуд (1).
Се сол пеш вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон номи "Нигористони миллӣ"-и кишварро бо ҳазфи вожаи "нигористон" ба "Голареи миллӣ" ва номи "Вазорати иттилоот ва фарҳанг"-ро бо ҳазфи вожаи "фарҳанг" ба "Вазорати иттилоот ва култур" тағйир дод (2).
Дар зоҳир амри далели мухолифат бо ба корбурд аз ин даст вожаҳо ин аст, ки ин вожаҳо дарӣ нестанд, форсӣ ҳастанд ва берун аз марзҳои сиёсии Афғонистон корбурд доранд ва бегонаанд.
Пас, пурсиш ин аст, ки:
Ба ростӣ, ин даст вожаҳо бегонаанд?
Ба ростӣ, вожаҳои форсиро метавон бар пояи марзҳои сиёсӣ аз ҳам ҷудо кард?
Дар ин навишта кӯшиш мешавад, ки ба пурсиши боло посух дода шавад.

Пасманзари масъала

Дар давраи Муҳаммад Нодиршоҳ ва дудмони вай (1308-1357 ҳ./1929-1978 м.) гурӯҳҳое дар дарун ва беруни давлати Афғонистон кӯшиш карданд, ки забони форсии дариро дар идора ва низоми омӯзишӣ ва фарҳангии кишвар дар мавқеияти фурӯдаст қарор бидиҳанд. Дар ҳамин росто давлати Муҳаммад Зоҳиршоҳ (1312-1352 ҳ./ 1933-1973 м.), дар солҳои оғозини солҳои 1340 хуршедӣ номи забонро аз форсӣ ба дарӣ тағйир дода ва онро ба ҳамин ном дар Қонуни асосии (1343 ҳ./1964 м.) кишвар дарҷ кард. Гурӯҳҳое дар пайи тағйири ин ном, иддаои ҷудоӣ ва мутамайиз (аз ҳамдигар фарқкунанда Қ.Ш.) будани забони дарӣ аз форсиро карданд, дар ҳоле ки форсӣ ва дарӣ дар пояи матнҳои куҳани забони форсӣ ва назарияҳои забоншиносон номҳои як забони воҳид аст.(3).
Бад-ин тартиб гурӯҳҳое, ки дар пайи пора-пора ва маҳдуд кардан ва ба инзиво кашидани забони форсии дарӣ ҳастанд, дар гоми нахуст муддаӣ мешаванд, ки забони форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ забонҳои ҷудо ва мутамайиз аз ҳам ҳастанд. Ин гурӯҳҳо форсиро аз они Эрон, дариро аз они Афғонистон ва тоҷикиро аз они Тоҷикистон медонанд ва кӯшиш мекунанд, ки ин "нигариш"-ро бо андешапардозиҳои сиёсӣ "теюриза" кунанд. Дар гоми дувум ин гурӯҳҳо муддаӣ мешаванд, ки ин вожа дарӣ аст ва он вожа форсӣ асту бегона. Бо ин тарфанд (сухани дурӯғ Қ.Ш.) вожаҳои ғайрифорсиро бар забони форсии дарӣ таҳмил мекунанд.
Ба гунаи намуна:
Ба назари ин гурӯҳҳо вожаҳои "донишгоҳ", "донишкада" ва "донишҷӯ" дарӣ нестанд, балки форсӣ ҳастанд ва шиносномаи эронӣ доранд, бинобар корбурди он дар забони дарӣ (Афғонистон) "маҷоз" нест.

Таҳмили вожаҳо

Таҳмили вожаҳои як забон бар забони дигар кори жожу зиёнбахш аст. Таҳмили вожаҳо бар дастгоҳи вожагон, забонро бемор месозад ва бофти онро баҳам мезанад. Ё ба баёни дигар, "… он вақт ки рӯйи ағрози (ғаразҳои Қ.Ш.) ғайризабонӣ бисоти калимоти оҳангини як забон барчида шавад ва калимоти беоҳанги таҳмилӣ ҷойгузини онҳо гардад … нақши зебоиофаринии забон маҳкум ба фано аст, дар ҳоле ки нақши зебоиофаринии забон бисёр арзишманд ва дарвоқеъ яке аз арконест, ки забон ба василаи он меистад ва қад рост мекунад".(4).
Як нигоҳи кӯтоҳ ба даҳаҳои пасин нишон медиҳад, ки борҳо ҷави (фазои Қ.Ш.) форсиситезӣ ва ихтиноқи (гулӯгир кардани Қ.Ш.) фарҳангӣ ва сиёсӣ форсизабононро дар фишор ва тангно қарор додааст, ба навҳе, ки ҳатто онҳо иҷоза надоштанд, ки шуморе вожаҳои сара ва ноби форсии дариро ба кор баранд ва ногузир сохта шуданд, ки ба ҷойи онҳо вожаҳои паштуро истифода кунанд. Мехоҳам дар ҳамин ҷо таъкид кунам, ки ҳамаи ин вожаҳои пашту, ки бар забони форсии дарӣ таҳмил шуда, бисёр зебо ва расо аст ва ҳамчунин муодили форсии дарии онҳо низ зебо ва расо аст. Бахирадона аст, ки вожаҳои пашту дар забони пашту ва форсии дарӣ дар забони форсӣ ба кор бурда шавад. Ҳеч форсизабоне гароиш надорад, ки вожаҳои форсӣ бар забони пашту таҳмил шавад. Ҳеч паштузабоне ниёз надорад, ки вожаи "донишгоҳ", "донишкада"…-ро дар як матни пашту ба кор барад, дар ҳоле, ки вожаи муодили онро дар забони пашту дорад, бадеҳист, ки форсизабонон низ аз чунин амре бениёз ҳастанд. Хирадварзона ва зебост, ки ба ҷойи таҳмили вожаҳо дар андешаи рушду тавонмандии забонҳои кишвари худ шавем.
Шумори вожаҳои дахили забони пашту дар забони форсӣ чандон зиёд нест, шуморе аз ин вожаҳо ба таври табиӣ вориди забон шудаанд ва забони форсӣ онҳоро бидуни таассуб пазируфтааст ва дар баданаи забон ҷазб шудаанд. Аммо ин ҷо баҳс рӯйи доду ситади забонӣ ва вомгирии вожаҳо бар пояи усули забонӣ, ки мояи рушду тавонмандии забон мегардад, нест, балки баҳс рӯйи таҳмили вожаҳо бо пуштвонаи сиёсӣ ва идорӣ аст, ки ошкоро дар пушти он ниёти сиёсӣ хобида аст ва ин амр дастикам ба зебоӣ ва тавонмандӣ, рушду тавсеаи табии забон халал ворид мекунад.
Имрӯз забони форсии дарӣ дар Афғонистон таҳмили вожаҳоро барнаметобад. Дар ин робита худогоҳии фарҳангӣ ва миллии баланди мардуми ҷумҳурро ҳамроҳ бо имконоти дунёи маҷозӣ ва расонаҳои гурӯҳӣ дасти кам набояд гирифт. Имрӯз дунёи маҷозӣ ва расонаҳои гурӯҳӣ чунон имконоти пешрафтаро дар дасти форсизабонон қарор додааст, ки аз садҳо вожаи муодили зебо, расо ва муносиб, ки дар қаламрави забони форсӣ сохта мешавад, истифода кунанд.

Доду ситади вожаҳо

Ҳама забонҳои ҷаҳон бо ҳам доду ситади вожагонӣ доштаанд, доранд ва хоҳанд дошт. Забонҳо вожагонеро ки надоранд, ба ночор аз забонҳои дигар вом мегиранд ва вомвожаҳои бахше аз забонро месозанд. Ин доду ситади вожагон мояи пӯёӣ ва тавонмандӣ, боландагӣ ва густурдагии забон мегарданд, аммо ин вомгирии вожагон, замоне зиёнбор хоҳад шуд, ки забони вомгиранда баробарҳои онро дошта бошад.
Забони форсӣ низ монанди ҳар забони зинда ва рушдёбандаи ҷаҳон ба доду ситад бо забонҳои дигар мепардозад ва бар пояи ниёзҳои забонӣ вожаҳоеро аз забонҳои дигар вом мегирад, аммо на ин ки забонҳои дигар ба зӯр барояш вожа "вом" (зӯрвожа) бидиҳад.
"… Вомгирии вожа ба худии худ айбе нест, ба шарти он ки вожа дар дастгоҳи забон бигардад ва битавонад дар баданаи он ҷазб шавад". (5).
Вожаи бегона замоне метавонад дар забони мизбон пойдор бимонад, ки он забон дар корбурди рӯзона ва ё донишӣ ба он ниёз дошта бошад ва ҳамсанги онро дар забон надошта бошад ва бо дастуру сохтори забон созгор бошад. Аммо агар ба забон ба зӯр вожа "вом" дода шавад, яъне бидуни хосту ниёзи забон бо зӯр бар он таҳмил гардад, забон сайри табии худро аз даст медиҳад ва тавоноиҳои дастгоҳи вожагонии он мухтал (халалдор Қ.Ш.) мегардад ва ваҷҳи зебоии он махдуш мешавад ва ба расоиву шевоии гуфтор ва навиштори забон осеб мерасад ва ночор чунин вожаи таҳмилӣ аз забон ронда мешавад.
Дар як сухан, "вомвожаҳо" мояи шукуфоӣ ва пӯёии як забонанд ва "зӯрвожаҳо" мояи ошуфтагиву барҳам хӯрдани бофту сайри табии забонанд.

Вижагии вожаҳо

Донишмандоне, ки дар ҳавзаи забоншиносӣ кор мекунанд, бар ин боваранд, ки забони форсӣ ба унвони забони пӯё ва зоё, қобилият, зарфият ва тавоноии густурда дар амри вожаофаринӣ бо истифода аз шеваи вожаёбӣ, вожагузинӣ ва вожасозиро дорад. Вожаҳо аз диди онҳо дарбаргирандаи шуморе аз вижагиҳост.
Аз ҷумла:
Нахуст - фикреро дар хонанда ва ё шунаванда эҷод кунад ва ҳомили маъно бошад;
Дуввум - ҷанбаи зебоишинохтӣ, хушоҳангӣ ва хуштаркибии вожа, саломатии сохтори калом, таъбият ва шаффофияти забонро бояд дар назар гирифт; вожаҳои форсии дарӣ ҳарчи ба дастгоҳи овоии забон наздиктар бошанд, хушоҳангтар аст;
Саввум - забоннигораи (хати) форсӣ ба чеҳраи мактуби забон, қонуну қоидае дорад. Усул ва дастури дабира ва ё забоннигораи форсӣ бо сойири забонҳо тафовут дорад;
Чаҳорум - қаламрави фарҳангии забони форсӣ фаротар аз қаламрави сиёсии Афғонистон аст, аз ин рӯ, вожаҳо бояд барои ҳама форсигӯён қобили фаҳм бошад. Дар ҳоле ки таҳмили вожаҳо ва таркибҳо бар дастгоҳи вожагони забони форсии дарӣ, забонро барои ҳамаи қаламрави забони форсӣ номафҳум месозад ва онро ба инзиво (гӯшанишинӣ Қ.Ш.) мекашонад.

Ба ростӣ вожаҳои "донишгоҳ", "донишкада" ва … бегона ҳастанд?

Вожаҳои "донишгоҳ", "донишкада" ва "донишҷӯ" мунтақиб (мувофиқ Қ.Ш.) бар қавоид, усул ва санъати адабии забони форсии дарӣ ҳастанд, ҳеч навъ бегонагӣ бо форсии дарии роиҷ дар Афғонистон надоранд, чун ҳам аҷзояшон (ҷузъашон Қ.Ш.) форсии дарӣ аст ва ҳам шеваи таркибашон тибқи қавоиди ин забон. Бинобар ин, иддаои ин ки ин вожаҳо бегона ҳастанд, пояи илмӣ надорад ва пеш аз ҳама ношӣ аз таассуб аст.    
Вожаи "донишгоҳ" ва "донишкада" таркибӣ аст аз вожаи "дониш" ва пасванди маконии "гоҳ" ва "када". Вожаи "дониш" вожаест форсӣ, ки дар осору ашъори бузургони забон ва адаби форсии дарӣ бисёр ба кор рафта ва дар Афғонистони кунунӣ низ роиҷ аст.
Ба гунаи намуна:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.


(Фирдавсӣ).

Дарахти ту гар бори дониш бигирад,
Ба зер оварӣ чархи нилуфариро.

(Носири Хисрави Балхӣ).

Пасванди маконии "гоҳ" ва "када" низ пасванде аст форсӣ, ки дар даҳҳо вожаи таркибӣ ба кор рафта аст.
Ба гунаи намуна:
Оромгоҳ, ороишгоҳ, омоҷгоҳ, осоишгоҳ, иқоматгоҳ, урдугоҳ, истгоҳ, боҷгоҳ, бошгоҳ, базмгоҳ, пойгоҳ, парастишгоҳ, парваришгоҳ, пажӯҳишгоҳ, пешгоҳ, хостгоҳ, хобгоҳ, ҷойгоҳ, ҷавлонгоҳ, чарогоҳ, додгоҳ, даргоҳ, дармонгоҳ, дастгоҳ, дидгоҳ, зодгоҳ, зоишгоҳ, зиёратгоҳ, фурудгоҳ, фурӯшгоҳ, қабулгоҳ, махфигоҳ, манзилгоҳ, коргоҳ, кушторгоҳ, гузаргоҳ, лашкаргоҳ, нирӯгоҳ, тафреҳгоҳ, шомгоҳ, шикоргоҳ, субҳгоҳ, идгоҳ… оташкада, бозикада, буткада, пажӯҳишкада, деҳкада, ғамкада, мотамкада, майкада, ҳаваскада…
Оқои Муҳаммад Козими Козимӣ, нависанда, шоир ва веростор дар ҳавзаи забону адабиёти форсӣ менависад: "Ман фақат дар девони ду шоири муттаохири Афғонистон, яъне Восили Кобулӣ ва Қорӣ Абдуллоҳи Афғон, ин таркибҳоро ёфтам, ки бо "гоҳ" ва  "када" сохта шудаанд: омоҷгоҳ, боргоҳ, пешгоҳ, ҷойгоҳ, ҷилвагоҳ, ҳарбгоҳ, хаймагоҳ, домгоҳ, дастгоҳ, саҷдагоҳ, сайдгоҳ, қатлгоҳ, оташкада, оламкада, бозикада, буткада, зиёнкада, ғамкада, мотамкада, майкада ва вусъаткада".(6).

Вожаҳо аз он қаламрави забон аст

Вожаҳои куҳан ва навини забони форсии дарӣ аз он қаламрави забон аст, ки густурдатар аз марзҳои сиёсии кишварҳои форсизабон мебошад. Аз ин рӯ, ин муҳим нест, ки вожаҳои навин ва ё муодилҳои ҷадиди форсӣ дар кадом бахш аз ҷуғрофиёи фарҳангии забон сохта шудааст, муҳим он аст, ки ин вожаҳо аз як сӯ бар пояи қавоид, усул ва суннати адабии забон сохта шуда бошанд ва аз сӯи дигар, расо, зебо ва фарохури забон бошанд ва ба ниёзҳои имрӯзин посух бигӯянд.
Ба гунаи намуна:
"Чархбол" ду даҳа пеш, барои нахустин бор дар Тоҷикистон ба унвони муодили "вертолёт" (русӣ) ба кор рафт, аммо имрӯз ин вожа дар ҳама қаламрави забони форсӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, корбурд дорад. Вожаи "будубош"  ба ҷойи "маскун" ва ё вожаи "сабукдӯш" ба ҷойи "азл" (бекор кардан Қ.Ш.), ки то як даҳа пеш дар Афғонистон бештар роиҷ буд, имрӯз дар ҳама қаламрави забони форсӣ корбурд дорад.

Вожаҳои "гуфтмон", "ҳамапурсӣ", "ормоншаҳр", "раҳёфт", "ҳарзанигорӣ"… дар тайи се даҳаи пасин тавассути Дориюши Ошурӣ (7) дар Аврупо сохта шуда, аммо имрӯз ин вожаҳо дар ҳама қаламрави забони форсӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон, роиҷ аст ва ҷойи маҳкам дар адабиёти форсӣ дорад.
Оқои Дориюши Ошурӣ вожаи "гуфтмон"-ро, ки таркиб аз "гуфт" ва пасванди "мон" аст, ба унвони баргардондаи "дискурс" дар забони форсӣ, нахустин бор дар маҷаллаи "Эроннома" дар соли 1368 ҳ./1989 м. ба кор бурд. Аммо имрӯз ин вожа ба унвони яке аз мафоҳими бисёр пуркорбурд дар ҳавзаи улуми инсонии ҷадид ва фалсафаи пасомудерн дар ҳама қаламрави забони форсӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, ба кор бурда мешавад, дар ҳоле ки Дориюши Ошурӣ дар Фаронса будубош дорад ва маҷаллаи "Эроннома" дар Амрико мунташир мешавад.
Дар ин даҳаҳои пасин бо густариши шаҳрҳо ва тавассути муносибот бо ҷаҳон, ниёз ба вожаҳои навин дар кишвари мо фузунӣ гирифтааст ва ҳамзамон садҳо вожаи бегона, ба вижа инглисӣ, бе ҳисобу китоб вориди забони мо шуда. Бояд дар баробари ҷараёни вуруди беравияи вожаҳои бегона, ки бисёр хатарнок аст, истод ва аз вожаҳои ҳамсанги форсӣ, ки дар берун аз марзҳои кишвар сохта шуда, истифода кард. Ҳамзамон бояд кӯшиш кард, ки вожаҳои форсии дарӣ, ки дар Афғонистон роиҷ аст ва ё сохта шудаанд, зебову бомаънӣ аст, ба хориҷи кишвар арза кард.
Ба гунаи намуна:

Вожаи "шифохона" дар Афғонистон аз ҷиҳоте бар вожаи "бемористон" дар Эрон ва "касалхона" дар Тоҷикистон бартарӣ дорад. Вожаи "шифохона" бинобар ҳузури вожаи "шифо" дар он, навъе асари равонии умедбахш дорад, ки дар "бемористон" ва "касалхона" нест.
Дар ҳамин ҷо мехоҳам таъкид кунам, ҳангоме ки мо вожаи расо ва бо бори мусбати равонии "шифохона"-ро дорем, ниёз нест, ки вожаи "бемористон" ва ё…-ро ба кор барем. Ба ёд дошта бошем, ки шуморе аз вожаҳое, ки дар берун аз марзҳои кишвари мо сохта шудаанд, мандаровардӣ, норасо ва нозебо ҳастанд, ки ташхиси он дар набуди "Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ" пеш аз ҳама ба дӯши рӯзноманигорон, нависандагон, виросторон ва донишмандони ҳавзаи забон аст.
Забони форсии дарии кишвари мо ҳангоме метавонад солимтару пӯётар бошад, ки по ба пойи дигаргуниҳои имрӯзин ҳаракат кунад ва барои падидаҳои нав вожаҳои тоза аз дарунмояи худ бисозад ва баробарҳое фарохури забон биёбад ва дар ин росто аз ҳама имконоти ҷуғрофиёи фарҳангӣ барои боло бурдани тавони офаринандагӣ, пӯяндагӣ ва полоиши забон истифода кунад ва дар айни истифода аз вожаҳои форсии хориҷи кишвар вожаҳои форсӣ, ки дар Афғонистон роиҷ аст ва ё сохта шудаанд, зебо ва бомаънӣ аст, ба хориҷи кишвар арза кунанд. Ин доду ситад эҳсоси ҳамзабон буданро миёни ҳама форсизабонони ҷаҳон тақвият мекунад ва маҷмӯаи густурдатаре аз ганҷинаи вожагонро дар ихтиёри форсизабонон мегузорад.

Сухани фарҷом

Кишварҳои зиёде дар ҷаҳон вуҷуд доранд, ки аз забони воҳид истифода мекунанд ва марзи забонашон фаротар аз марзҳои сиёсии онҳост.
Ба гунаи намуна:
Бритониё, Амрико, Конодо ва Австролиё аз забони воҳиди инглисӣ; Олмон, Утриш (Австрия), Суис (Шветсия) аз забони воҳиди олмонӣ ва … истифода мекунанд ва осори ҳамдигарро мехонанд ва аз вожаи навину бикр, ки дар яке аз ин кишварҳо пазируфта мешавад, дар кишварҳои дигар ҳамзамон ба кор мегиранд.
Забони форсии дарӣ низ, дорои қаламраве аст густурда. Марзи ин забонро на ҷуғрофиёи сиёсӣ, балки ҷуғрофиёи фарҳангӣ таъин мекунад. Дастовардҳову фаровардҳои забон, аз он ҷумла пардохтан ба вожаҳои навин, марбут ба тавоноӣ ва қаламрави забони форсӣ аст, на марбут ба ин ё он ҷуғрофиёи сиёсӣ. Марзҳои сиёсӣ мушаххас аст, аммо марзҳои меҳани забонӣ мушаххас нест. Қаламрави сиёсии кишварҳо як амри сиёсӣ аст, дар ҳоле ки қаламрави корбурди забон масъалаи фарҳангӣ аст. Аз ин рӯ, набояд қаламрави забон ва адаби форсиро ба марзҳои ҷуғрофиёи сиёсӣ маҳдуд кард ва ба вожаҳои нави забони форсӣ барчаспи "бегона" зад. Вожаҳои форсии дарӣ … куҳану навин, аз он меҳани фарҳангӣ, яъне ҳамаи форсизабонони ҷаҳон аст ва аз ин рӯ, корбурди он корест маҷоз ва бас некӯву дуруст.

Имрӯз забони форсӣ ганҷинаи бисёр бузург аз вожагонро дар ихтиёр дорад ва бо чопи ҳазорҳо китоби форсӣ дар сол, ба вижа дар ҳавзаи улуми муосир ва фанноварӣ, ин ганҷина ғанитар мешавад, ҳайф аст, ки таассуб ва тарафандҳои ҷудоисозии забон бо номҳои дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ, монеи истифода аз он шавад.
Умед бар он аст, ки Афғонистон бо баракати такопӯ ва ҳиммати посдорони форсии дарӣ соҳиби Фарҳангистони забон ва адаби форсии дарӣ шавад ва мо шоҳиди баргузории ҳамоишҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба иштироки ҳама форсизабонони ҷаҳон дар ростои беҳсозии форсӣ ва аз ҷумла таҳияи вожаномаҳо ва фарҳангҳои тахассусӣ ва ҳамагонии муштарак бар пояи ниёзҳои навини забони форсӣ барои ҳама форсизабонони ҷаҳон бошем.
Сухани поёнӣ ин ки: бо бовар бо ин асл, ки истифода аз вожаҳои забони модарӣ ҳаққи мусаллами ҳама инсон аст, гунагунаӣ ва ҳамзистии забонҳоро бипазирем ва бо сиёсати таҳмили вожаҳо дар ҳавзаи забон, ки паёмадҳои бисёр ногувор дорад, барои ҳамеша худоҳофизӣ кунем. Дар ин росто, насби тоблуи Донишгоҳи Балх бо се забон: форсии дарӣ, пашту ва инглисӣ дар 1387 ҳ./2008 м. бар сари дарби (дарвозаи Қ.Ш.) Донишгоҳ корест накӯ ва хирадмандона, ҳамзистона ва сармашқона.

Поён

16 сунбула шаҳривари 1391 ҳ./ 5 септомбри 2012 м.
Пайнавишт:
(1). Ин ҳаракати форсиситезона бо вокуниши шадид ва якпорчаи форсизабонон мувоҷеҳ шуд. Дар тақбеҳ (баёни қабоҳат Қ.Ш.) ва маҳкум кардани он ҳамоишҳои эътирозӣ аз Балх то Кобул баргузор шуд. Даҳҳо мақола дар робита бо решаи форсии ин вожаҳо ва қонунӣ будани он бар асоси Қонуни асосии кишвар дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мунташир шуд. Дар фарҷом дар натиҷаи муқовимат ва эътирози якпорчаи форсизабонон, он се корманде, ки аз кор ихроҷ шуда буданд, дубора ба вазоифашон баргаштанд ва муҷозоти онҳо лағв шуд.
(2). Ҳар ду ҳаракати вазири иттилоот ва фарҳанг ба вокуниш ва муқовимати шадиди форсизабонон мувоҷеҳ шуд ва саранҷом дар натиҷаи пофишорӣ ва муқовимати форсизабонон давлати Афғонистон маҷбур шуд тоблуи вазоратро ба шакли гузашта баргардонад ё ба иборати дигар, вожаи форсии "нигористон" ва "фарҳанг" дар тоблуҳо ҳифз шуд.
(3). Нигоҳ кунед: Ковиёнӣ Наҷм. Як забон бо се ном. Моҳномаи "Най", шумораи панҷум,соли даҳум, 1391 ҳ., Финлонд.
(4). Моили Ҳиравӣ, Наҷиб. Торих ва забон дар Афғонистон. Чопи дуввум, Теҳрон, 1371.-С.116.
(5). Ошурӣ Дориюш. Бозандешии забони форсӣ. Чопи аввал, Теҳрон, 1372. -С.159.
(6). Козимӣ Муҳаммади Козим. Ин қанди порсӣ. Теҳрон, 1389. -С. 134.
(7). Дориюши Ошурӣ (1317 ҳ.), нависанда, мунтақиди адабӣ, мутарҷим ва забоншинос дар забони форсии навишторӣ, вожаҳои навсохтаи бисёр дорад. Фарҳанги улуми инсонии ӯ шомили садҳо таркиб ва вожаи иштиқоқии тоза барои густариши забони форсӣ дар заминаи улуми инсонӣ ва фалсафӣ аст. Аз миёни осори ӯ метавон ба "Бозандешии забони форсӣ", "Шеър ва андеша", "Таърифҳо ва мафҳуми фарҳанг", "Мо ва мудерният", "Ирфон ва риндӣ дар шеъри Ҳофиз" ишора кард.

Баргардон ва таҳияи Қироншоҳи ШАРИФЗОДА


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!