Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:30

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷаи Сингапур

1 октябр 2012, 04:33

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо  К. Шанмугам, вазири корҳои хориҷаи Сингапур мулоқот намуд.

Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин мулоқот ҷонибҳо масоили дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Сингапурро мавриди муҳокима қарор доданд.

 

Гуфта мешавад вазирони корҳои хориҷаи ин ду кишвар, инчунин имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ баррасӣ карданд.

Манбаъ мегӯяд, перомуни масъалаҳои тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ  ва масоили дигар мубодилаи афкор анҷом дода шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!