Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Парлумон ҳам ба ҷонибдорӣ аз хориҷ кардани моддаҳои 135 ва 136-и КМҶ раъй дод

1 октябр 2012, 09:40

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии МН, райиси парлумон дар назди вакилон суханронӣ намуда, аз вакилон даъват кард, ки ба таҳия ва эҷоди қонун ва дигар санадҳо ҷиддӣ машғул шуда, дархост ва пешниҳодҳои интихобккунандагони худро, ки аз мулоқот бо онҳо баромадааст, ба инобат гиранд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаи онҳо»  баррасӣ ва қабул шуданд.

Вазири адлия Рустам Менглиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов зимни суханронии худ роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳор доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар таърихи 20 - уми марти соли 2012 баён гардидааст, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани озодии матбуот, мутобиқ намудани Кодекси  мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Зикр гардид, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, бинобар сабаби аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои тӯҳмат ва таҳқир пешбинӣ менамуданд, зарурати аз моддаи 24 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби оғоз ва пешбурди парвандаҳои айбдоркунии хусусиро муайян менамояд, хориҷ намудани моддаҳои зикргардида ба миён омадааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!