Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:29

Ашт: Ду деҳаи офатзада кӯчонида мешаванд

14 июн 2011, 05:31

Осебдидагони  офати табиӣ ба ҳеч ваҷҳ танҳо нахоҳанд монд. Дар ин бора Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд зимни боздиду шиносоиаш бо вазъи манотиқи офатзадаи минтақа иброз дошт. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин мақомот иттилоъ доданд, Расулзода ҳамчунин афзуд, сабру таҳаммулро пеша кунед, аз ҷониби ҳукумату давлат ба шумо албатта кӯмак расонида мешавад.     Ёдрас менамоем, 12-уми июни соли 2011 дар натиҷаи боришоти зиёд дар  мавзеъҳои аҳолинишини ноҳияи Ашт сел омада, ба аҳолӣ ва хоҷагии халқ хисороти зиёди молӣ расонид.Аз ҷумла, дар рустоҳои Бободархон ва Сарои ҷамоати деҳоти Понғоз якчанд оила бе манзили зист монданд. Тибқи иттилои расмӣ 85 манзили истиқоматии  сокинони ду деҳа зарар дида, аз ҷумла 51 хонавода  қисман ва  34 манзили истиқоматӣ пурра нобуд шудааст. Дар 8,8 гектар масоҳат зарари ҷиддӣ расида, ҳамчунин 11 километр роҳ, 5 адад кӯпрук, 500 метр хатти барқ ва 133 иншооти хурду бузург қисман ё пурра вайрон гардид. Мутобиқ бо қарори ҳукумати вилояти Суғд сокинони деҳаҳои Бободархон ва Саро, ки аз сел зарари ҷиддӣ дидаанд, ба мавзеи Бахмал кӯчонида мешаванд. Бо пешниҳоди Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ аз ин мавзеъ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мешаванд.Бояд гуфт, ки алҳол аз ҷониби ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд 25 нафар афсарону аскарон ба осебдидагон кўмак расонида, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дар хизмати мардум қарор доранд. Аз ҳисоби мақомоти вилоятӣ бошад, ба ҳамаи оилаҳои зарардида орд, биринҷ, шакар, равған ҷудо гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!