Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 15:35

Райисҷумҳури Тоҷикистон ба Остона рафт

14 июн 2011, 09:57

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент дар фурудгоҳи пойтахт райисҷумҳурро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар президент Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов ва сарвари Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров ҳамроҳӣ мекунанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хубон

  • 15 октябр 2014 08:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай рафтан гирад ба чи

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!