Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:03

500 ҳазор рубли «Инвест-Ойл» ба хонаводаҳои муҳоҷирони ҳалокшуда

9 октябр 2012, 12:18

Абдунабӣ Эгамбердиеви 37 сола, ки дар сӯхтори рӯзи 29-уми сентябри соли равон дар корхонаи нафти Югра 65 дарсади баданаш сӯхта буд, дар яке аз бемористонҳои Маскав даргузашт.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба  Озодагон иттилоъ доданд, дар ин сӯхтор 5 шаҳрванди Тоҷикикстон ҷони худро аз даст доданд  ва 3 тани дигар  ҷароҳат бардоштаанд, ки Абдунабӣ аз ҷумлаи ҷароҳатдидагоне буд, ки ахиран фавтид. Гуфта мешавад, ин фалокат дар маҷмӯъ ҷони 11 нафарро гирифт ва ҷасади  4 нафар ҳафтаи гузашта ба Душанбе оварда шуд, вале ҷасади марҳум Абдунабӣ Эгамбердиев ҳоло ба Ватан интиқол наёфтааст.

Манбаъ иттилоъ дод, ки ширкати “Инвест-Ойл” ба хонаводаҳои ҳар кадом аз қурбониён 500 000 рубли русӣ ҷуброн ваъда кардааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!