Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:07

2011-05-05 14:15

5 май 2011, 09:15

Мутахассисони бахши кишоварзони Тоҷикистон аз ин баъд имкон доранд, савияи дониш ва таҷрибаи худро дар Аргентина баланд бардоранд.

Рудолф  Хосе Маротин-Саравиа,сафири Аргентина  зимни мулоқоти имрӯзааш бо роҳбарияти вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ин бора иброз дошт. Тибқи иттилои манбаъ дар нишаст дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар робита ба  рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи заминҳо, тараққии бахши чорвопарварӣ баррасӣ гардид. Дипломати аргентинагӣ зимни мулоқоташ гуфт,  феълан ҳамкориҳо миёни ҳар ду кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, давлати онҳо дар бахши кишоварзӣ асосан ба гӯсфандпарварӣ,  хукпарварӣ, асппарварӣ ва парандапарварию  истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳамзамон, Аргентина дар истеҳсолу содироти маҳсулоти ғалладонагӣ ва гӯшт миёни кишварҳои дунё пешсаф аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!