Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Баррасии ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе

10 октябр 2012, 05:50

Имрӯз,10-уми октябр дар Душанбе мушовараи якҷоя миёни Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилаи Русия ба кори худ шурӯъ намуд.

Аз Вазорати корҳои дохила ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар назар аст зимни ин нишаст ҳамкориҳои муштараки ин ду ниҳоди давлатӣ дар мубориза бар зидди экстремизм, ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои трансмиллӣ доранд, баррасӣ хоҳад шуд.

 

Гуфта мешвад  дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2013 матраҳ мегардад.

Лозим ба ёдоварсит шоми дирӯз ҳайати Вазорати корҳои дохилаи Федератсияи Русия бо роҳбарии Колокольцев Владимир Александрович, вазири корҳои дохилаи ин кишвар, генерал-лейтенанти политсия ба Душанбе ташриф оварданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!