Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:29

«Тоҷик-эйр» беш аз 100 мусофирро саргардон кард

10 октябр 2012, 11:55

Расо соати 9-и субҳи имрӯз ҳавопаймои марбут ба ин ширкати давлатӣ мебоист, аз Душанбе ба Истамбул-пойтахти Туркия парвоз анҷом медод.


Аммо бо сабабҳои номаълум ин парвоз ба таъхир афтода, ҳудуди 100 мусофири ин хатсайр дар фурудгоҳи пойтахт мунтазири эълони вақти парвоз истодаанд. Роҳатмо Мӯъминова, як мусофири ин хатсайр, ки ба тиҷорати молу колои туркӣ машғул аст, зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» гуфт, беш аз 8 соат боз мунтазир шиштем, намедонам, ки айби кӣ бошад: «Ҳар як ним соат ба назди масъулини «Тоҷик-эйр меравам, касе чизе намегӯяд. Агар сӯзишворӣ ҳам надошта бошанд, айби мо нест-ку?».

 

Ба қавли мусофирон, тайи ин муддат ҳатто як нафар ҳам аз масъулини «Тоҷик-эйр» ба назди эшон набаромада, ҳолу аҳвол напурсидааст. Мусофирон иброз медоранд, ки пас аз анҷоми парвоз ва баъди бозгашт талаби ҷуғрон хоҳад кард.

Дар ҳоли нашр шудани ин мавод, хабарнигори Озодагон, ки дар фурудгоҳ қарор дорад, иттилоъ дод, ки сабти ном ва ба қайдгирии чиптаи мусофирон эълон шуда, мусофирон ба толори интизорӣ равон гаштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!