Бахшҳо

То ифтитоҳи нақби «Шаҳристон» 11 рӯз монд

Рӯзҳои наздик нақби «Шаҳримстон», ки шимоли Тоҷикистонро ба пойтахт мепайвандад кушода мешавад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд.

Ба қавли манбаъ, ифтитоҳи нақби мазкур ба 27-уми октябри ҳамин сол рост меояд. Яъне, баъди 11 рӯз рафту омад тавассути ин роҳ сурат хоҳад гирифт. Чанд тан аз ронандаҳо, ки ба мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва минтақаи Суғд машғуланд, дар сӯҳбат ба мо иброз доштанд, ки зиёд мунтазири кушодашавии ин роҳ ҳастанд, зеро бо ба истифода додани он мушкили мусофирон ва ронандаҳо осон мешавад.

Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ки интизор меравад, ояндаи наздик Эмомалӣ Раҳмон, президент кишвар аз вилояти Суғд дидан намояд. Зимни ин сафар масъалаи роҳҳо низ баҳс хоҳад шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин гуфта мешавад шояд ифтитоҳи нақби «Шаҳристон» дар ҷараёни сафари райисҷумҳур сурат бигирад.

Гуфтанист, нақби «Шаҳристон» дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, 5 ҳазору 253 метр дарозӣ дорад. Сохтмони ин нақб расман дар санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. Арзиши умумии тарҳи сохтмони нақби «Шаҳристон», ки ширкатҳои чинӣ бунёд мекунанд, ҳудуди  51 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин пеш ҳам санаи ифтитоҳи нақбро эълон дошта буданд, вале  бо сабаби пеш омадани мушкил дар кори нақбканон ба истифода додани он ба таъхир гузошта шуд. Ин навбат масъулини Вазорати нақлиёт боварӣ доранд, ки дар санаи муайяншуда нақби «Шаҳристон» мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)