Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Дастаҳои миллии Тоҷикистону Эрон дар бозии дӯстона бо ҳам вомехӯранд

17 октябр 2012, 04:57

Ин дидор барои тими мунтахаби Эрон як марҳилаи омодагӣ ба даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии қаҳрамонӣ ҷаҳон-2014 маҳсуб мешавад.

Сабқати дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Эрон 6-уми ноябр дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон соати 16: 30 ба вақти Эрон, соати 15:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

14-уми ноябр мунтахаби Эрон таҳти сарварии мутахассиси португалӣ Карлуш Кейруш дар Теҳрон бо тими миллии Ӯзбакистон рақобат хоҳад кард.

Бояд зикр намуд, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон ҳамагӣ се бозӣ анҷом додаанд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-уми июни соли 1993 дар доираи мусобиқаи байналмилалӣ дар Теҳрон буд, ки бо пирӯзии мунтахаби Эрон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Бозии дувум миёни тимҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1998 дар Бангкок (Тайланд) дар доираи бозиҳои осиёӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи эрониҳо ба анҷом расида буд. Бозии охирин 12 сол муқаддам - 28-уми ноябри соли 2000-ум дар Табрез дар доираи бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2002 баргузор шуда буд. Ин бозӣ низ бо пирӯзии тими миллии Эрон бо ҳисоби 2:0 поён ёфтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!