Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:00

Мусодираи беш аз 5 тонна мухаддирот дар Тоҷикистон

17 октябр 2012, 05:28

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 5 тоннаву 28 килло воситаҳои нашъаовар мусодира намуданд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Дар ин бора Бобоҷон Шафиев аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷумлаи маводи мухаддири мусодирашуда 471 киллои онро героин, 464 килло афюн ва бештар аз 4 тоннаву 93 киллои боқимондаро мухаддироти мансуб ба гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад: «Дар ин муддат кормандони Агентӣ аз 70 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ намуда, канори навъҳои мухталифи маводи нашъадор, ҳамчунин 209 қурси мухаддироти синтетикӣ, 172 қурси барбитурат, 37 қурс ва 10 ампулаи бензодиазепинро кашф ва мусодира намуданд».

Манбаъ мегӯяд, лабораторияи ташхиси судӣ 282 ташхис ва таҳқиқот гузаронидааст, ки аз он 125 ташхис бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад тибқи тартиби муқарраргардида, бо ширкати намояндагони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ дар бухории махсуси Агентӣ 480 киллову 924 грамм воситаҳои нашъаовар сӯзонида шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!