Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:29

Дэмион Поттер мехоҳад ба муҳити сармоягузории Тоҷикистон шинос шавад

17 октябр 2012, 06:40

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Дэмион Поттер роҳбари шӯъбаи тиҷорати Департаменти савдо ва сармоягузории Британияи Кабир дар Русия ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд-Смит мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, аснои мулоқот Умед Давлатзод ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ширкатҳои ҳарду кишвар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоду молия ибрози назар намуда, ба меҳмонон аз муҳити сармоягузории ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои пешбинишуда маълумот дод.

Дар навбати худ ҷаноби Дэмион Поттер  мақсади сафарашро баТоҷикистон шарҳ дода, қайд намуд, ки ҳадаф аз он шиносоӣ ба муҳит ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон барои сармоягузорони Британияи Кабир мебошад.

Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои муҳими иқтисодию молиявӣ, ба мисли рушди фондҳои биржавӣ, аз ҷумла бозори такрории коғазҳои қимматбаҳо, ташкили ширкатҳои консалтингӣ, сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, истихроҷи маъдан ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!