Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:58

«Истиқлол» як гол зад ва се имтиёз гирифт

18 октябр 2012, 05:10

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозии мавқуфмондаи худро дар доираи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон анҷом доданд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифта бо пирӯзии «Истиқлол» поён ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 74-ум Дилшод Восиев, сарвари дастаи «Истиқлол» ба ҳадаф расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Регар-ТадАЗ» бо 45 имтиёз аз 18 бозӣ дар садри ҷадвал қарор дорад. «Равшан», ки аз 18 бозӣ 44 хол ба даст овардааст, мақоми дуюмро касб мекунад. «Хайр» 17 бозӣ анҷом дода ва соҳиби 36 имтиёз асту дар ҷадвали мусобиқа ҷойи сеюмро муаррифӣ мекунад. «Истиқлол» аз 15 бозӣ 33 хол ба даст оварда дар зинаи чорум қарор дорад.

Бозиҳои даври 21-уми мусобиқот рӯзҳои 19-20-21-уми октябр баргузор мешавад.
Дастаҳои «Гвардия»-«Хайр» рӯзи 19-ум вомехӯранд. «Энергетик»-«Равшан» ва «Регар-ТадАЗ»-«Ҳосилот» 20-уми октябр вориди сабқат мешаванд. Рӯзи 21-ум тимҳои ССКА «Помир»-«Зарафшон», «Вахш»-«Хуҷанд» ва «Парвоз»-«Истиқлол» миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Оғози ҳамаи бозиҳо соати 15:00 ба вақти Душанбе аст.

Нишонзанони беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев, «Истиқлол» 13 тӯб,  Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (Регар-ТадАЗ) 12-голӣ, Шодибек Ғаффоров (Энергетик) 10 тӯб, Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (Парвоз) 9 голӣ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!