Соли ҷорӣ танҳо бо ҷалби мақомоти ҳуқуқӣ қарздорони Амонатбонк аз ноҳияи Восеъ наздик ба 500 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкиро баргардонданд.
Бино ба иттилои Шариф Наҷмиддинов, сардори бахши Амонатбонки ноҳияи Восеъ, ҳанӯз се мизоҷ, ки дар маҷмӯъ аз бахш ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ қарздоранд, бо гузашти мӯҳлати зиёд, онро пас намегардонанд: «Ҳарчанд мӯҳлати қарзгириашон 3 сол ва дар баъзе ҳолат 5 сол гузашта бошад ҳам, аммо дар мавриди пасгардондани қарзи бонк коҳилӣ мекунанд».
Ба иттилои манбаъ, ҳолатҳое ҷой доранд, ки қарзгирандаҳо бо сабабҳои номаълум, бо таъкиди мунтазами намояндаҳои бахш, мӯҳлати пасгардонии қарзро ба дарозо мекашанд ва танҳо баъди мудохилаи судӣ онро бозмегардонанд. Дар ҳамин ҳол, баъди истифода аз мақомоти ҳуқуқӣ, 498 ҳазор сомонии қарзи бонкӣ, ки мӯҳлаташон гузашта буд, гардонда шудааст.
Дар баъзе маврид намояндагони бахш маҷбур мешаванд, ба хотири бозпас гардондани қарзҳо молу амволи мизоҷонро иҷборӣ бигиранд ва ба савдо бароварда, қарзи бонкиро рӯпӯш намоянд.
Аз чунин амалиёт ҳам даст мегирем, мегӯяд Наҷмиддинов. Масалан, як сокини ноҳия бо исми Акрам Раҳимов, беш аз 5 сол мешавад, ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ аз бахш қарз гирифтаву вале дар фикри бозпас гардондани он нест. Имсол маҷбур шудем 1,9 тона ҷави ӯро дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ оварда дар анбори назди бахш барои дар оянда ба савдо баровардан нигоҳ дорем. Агар бо ҳамин роҳ
қарзро пас гардонда нагирем, намешавад.
Бахши мазкур соли гузашта бо маблағгузории ташкилоти ТАФ барои кишоварзони ноҳия баҳри рушди соҳа ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок додааст. Ба гуфтаи сардори бахш, ташкилоти номбурда 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд. 170 ҳазор сомонии дигар бо фоизи ҳамагӣ 26 фисади солона, аз ҳисоби захираҳои бахш ба кишоварзон ҷудо намудаанд. То моҳи октябр қарзгирандаҳо ҳамагӣ маблағи қарзиро пардохт карданд.
Аммо пасандози аҳолӣ дар бахши мазкур натиҷаи дилхоҳ надорад. То имрӯз маблағи умумии пасандозҳо ҳамагӣ каме бештар аз 2 миллион сомонӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ дар ноҳия наздик ба 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Иллати асосии ба амонат нагузоштани маблағҳоро ба бахши Амонатбонк коршиносон дар фоизи ками даромад медонанд. Ба қавли Наҷмиддинов, фоизи даромад барои пасандозгузорандаҳои мӯҳлатнок дар як сол аз 14 то 21фисад будааст. Вале барои қарзгирандаҳо, он 36 фоизро дар як сол ташкил медиҳад.
Мӯҳр