Абдураҳим Қаҳҳоров аз Олмон баргашт.
Зимни боздидаш аз ин кишвари федеролӣ вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо роҳбарони вазорати федералии корҳои дохиливу хориҷӣ, хадамоти федералии политсияи криминалии Олмон ва инчунин аъзои бундестаги (парлумони) дидору мулоқот кардааст. Зимнан, аснои музокироти дуҷониба дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, масоили тавсеаи самти амалии ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи тайёр кардан ва омӯзонидани кадрҳо ва инчунин табодули таҷриба миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо дар масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм ва дигар таҳдидҳои амниятии минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид. Ҳамчунин, ҷаноби вазир ва ҳайати ҳамроҳонаш бо фаъолияти бахшҳои минтақавии хадамоти федералии политсияи криминалии Олмон низ шинос шуда, аз идораи политсияи криминалии Бранденбург дидан карданд. Дар ҷараёни ин боздид кормандони политсияи криминалӣ усулҳои тафтиши корҳои ҷиноятии марбут ба амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, амалӣ ва техникии мубориза бар зидди ин гуна гурӯҳҳоро дар мисоли фаъолияти худ намоиш доданд.
Мӯҳр