Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:52

Эмомалӣ Раҳмон: Нидерлдандия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо аст.

20 октябр 2012, 05:39

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз сафирони нави ИМА, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул кард.

Тавре аз Хадамоти матбуотии сарвари давлат иттилоъ доданд, ба райисҷумҳур сафири нави фавқулодда ва мухтори Амрико Сюзен Мари Эллиотт, сафири Украина Никитюк Виктор Олегович ва Нидерландия Ван Левен Ретер эътимоднома супурдаанд.

Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд нақши намоён мегузоранд. Инчунин аз сатҳи баланди ҳамёрии пурмазмуни Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат ва амният изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодиро таъкид намуд.

«Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Украинаро шарики муҳими Тоҷикистон дар фазои афзалиятноки пасошӯравӣ номида, бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки дар тӯли 21 соли рушди мустақил ду кишвар густариши зина ба зинаи робитаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии худро таъмин намуда, босамар идома медиҳанд.

Шоҳигарии Нидерландия бошад, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо номида шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Тоҷикистону Нидерландия дар чорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамгироии боз ҳам босамар ба роҳ мемонанд»,-афзуд манбаъ.

Сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия дар навбати худ изҳор доштанд, ки барои рушди босуботи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!