Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:21

«Дар ҷустуҷӯи Дӯст» ба нашр расид

23 октябр 2012, 10:02

«Дар ҷустуҷӯи Дӯст». Унвони китоби тозанашрест, ки ба журналисти соҳибном ва собиқадор Дорои Дӯст бахшида шудааст.

«Дорои Дӯст аз кормандони вижаи матбуоти Тоҷикистон аз солҳои ҳафтодум то ба ҳол ба шумор омада, умре дар нашрияи «Омӯзгор» фаъолият дорад… Дорои Дӯст ба унвони генератори идеяҳо дар ин нашрия арзи ҳастӣ карда, аксари мақолоти миллӣ ё бо ташвиқи ӯ таълиф шуда ва ё бо ёрии ӯ ба табъ расидаанд…». Ин нукта дар оғози китоби «Дар ҷустуҷӯи Дӯст» омада, ки ба қалами Фотеҳи Абдуллоҳ таалуқ дорад.

Дорои Дӯст соли 1940 дар рустои Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз таваллуд шуда, соли 1957 мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси №21 (ҳоло мактаби миёнаи №57 ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)-ро хатм кардааст. Фориғутаҳсили факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ). Аз моҳи сентябри соли 1965  корманди нашрияи «Омӯзгор» мебошад.

Китоби «Дар ҷустуҷӯи Дӯст» андешаҳои чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик дар бораи Дорои Дӯстро гирди ҳам оварда, аммо қисмати аслии он аз гуфтугӯҳои журналист  бо файласуфи маъруф Акбари Турсонро дар бар мегирад.

Китобро нашриёти «Адиб» бо теъдоди 200 нусха чоп кардааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!