Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

Ҳайати парлумони кишварҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд

24 октябр 2012, 06:02

Имрӯз, 24-уми октябр вакилони аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди давалтҳои мустақил  оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар иттилоъ дод, ки ҳайати мазкур дар доираи сафари худ, ки то 27-уми октябр идома меёбад, бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва намояндагони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон мулоқот анҷом хоҳад дод: «Дар доираи ин боздид, нишасти Комисияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ, истифода аз таҷрибаи якдигар, шиносоӣ бо раванди таҳия ва қабули қонунҳо дар парлумонҳои ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт».

Манбаъ мегӯяд, ҳайати мазкур ҳамчунин аз Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода, осорхонаи миллии бостоншиносӣ боздид намуда, дар назар аст бо фарҳанг ва тамаддуни минтақаҳои истироҳатӣ ва туризми Тоҷикистон аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!