Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Петри Яааскелайнен

25 октябр 2012, 04:40

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Петри Яааскелайнен, ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Ҳелсинкии Финландия мулоқот намуд.

Аз маркази матбуотии президент иттилоъ доданд, ки  Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти институти ваколатдори Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки тайи собиқаи кӯтоҳи он, яъне аз соли 2009 ба ин сӯй, барои кори пурсамари ин муассиса заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст.

Зимни ин мулоқот аъкид гардидааст, ки таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз самтҳои афзали ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст.

Президенти Тоҷикистон зимни ин нишаст хотиррасон кардаст, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2350 созмони ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ, зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, 400 рӯзномаю маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28-тоаш ғайриҳукуматӣ аст, озодона фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад аз ҳамкории босамар дар чаҳорчӯби барномаи 30-моҳаи Вазорати корҳои хориҷии Финландия – «Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати судӣ дар Осиёи Марказӣ» ва дигар робитаҳои ду кишвар дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!