Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

«Истиқлол» ҷойи «Хайр»-ро гирифт

25 октябр 2012, 06:44

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар тими «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби бузурги 10:1 дастболо шуд ва дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ дар мақоми сеюм нишаст.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Баъди ин пирӯзӣ шумори холҳои «Истиқлол»-и Душанбе ба 39 расид ва ҷои «Хайр»-и Ваҳдатро танг кард. Феъланд, дар ҷадвали мусобиқа «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб 47 хол дорад ва дар зинаи дуюм нишастааст.

Нишонзанони беҳтарин сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев («Истиқлол») 18 гол, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»)  16 гол, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») 14 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») 11 гол.

Торнамои  ФФТ навиштааст, ки даври 22-юми сабқат 25-27-28-уми октябр баргузор мегардад. «Хайр» - «Энергетик» рӯзи 25-ум вориди сабқат мешаванд. «Регар-ТадАЗ» - «Вахш», «Истиқлол» - «Гвардия» 27-ум ва «Ҳосилот» - «Равшан», «Хуҷанд» - ССКА «Помир» 28-уми октябр рақобат хоҳанд кард. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 15:00.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!