Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд қабул гардид

15 июн 2011, 11:46

Ахиран, дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз сӯи вакилони парлумон қабул гардид. Тибқи иттилои расида, қабл аз зӯҳри имрӯз Маҷлиси Намояндагон пас аз муҳокимаи тӯлонӣ санади мазкурро ба тасвиб расонида, ҳамакнун баъд аз интишор дар матбуот он ҳукми қонунро хоҳад гирифт. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф дар назди вакилон доир ба аҳамияти қонуни мазкур дар таълиму тарбияи насли наврас ва масъулияти волидайн суханронӣ карда гуфт, лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар таҳия гардида, тайи ду моҳ дар муҳокимаи шаҳрвандон қарор дошт. Раҳмонов ҳамчунин афзуд, ҷиҳати мукаммал баррасӣ намудани лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд. Гурӯҳи корӣ 15 ҷаласа баргузор намуда,  11 ҳазор андешаҳои шаҳрвандонро баррасӣ намуд ва беш аз 4 ҳазор пешниҳодҳо ба лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуд. Дар маҷмӯъ, дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур беш аз  2 миллион нафар аҳолии кишвар иштирок намудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, бо қабули он аз сӯи парлумони  кишвар масъулияти  волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бештар мегардад.   Дар ҳамин ҳол, мақомот ва коршиносони наздик ба давлат низ қабули ин қонунро барои парвариш ва такомули як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ басо муҳим хонда ва онро як тарҳи сирф тоҷикӣ дар арсаи қонунгузорӣ баҳогузорӣ мекунанд. Аммо як бахше аз ҷомеа ба ин тарҳ мухолифат карда, аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқоди шадид кардаанд. Бахусус, ин афрод ба нақз шудани таълими динии кӯдакону наврасон дар лоиҳаи ин қонун ишора мекунанд. Бояд гуфт, тарҳи қонуни мазкур ҳанӯз дар моҳи декабри соли гузашта таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!