Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Кӯлоб: Хатари сел аз байн меравад

1 ноябр 2012, 11:22

Дар ҷамоати деҳоти Даҳана бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии ЮСАИД тайи 6-моҳ боз Ассоситасияи истифодабарандагони оби кишоварзӣ барои кӯмак ба кишоварзон фаъолият дорад.

Файзалӣ Миралиев, менеҷери Ассоситасияи «Оби ширин»ба хабаргузории Озодагон гуфт, фаъолияти корхона аз тоза намудани каналу ҷӯйборҳои байни заминҳо, таъмиру барқарорсозии дарвозаҳои обтақсимкунӣ ва бунёди деворҳои соҳилӣ иборат мебошад: «Наздик ба 20-сол аст, ки каналу ҷӯйборҳо дар заминҳои кишоварзии ин мавзеъ тоза нагашта, пур аз лою санг гардида, заминҳо корношоям гаштаанд. Инчунин, дарвозаҳои обтақсимкунӣ дар каналҳо кайҳо валангор гардида, соҳилҳо бошанд мустаҳкам нестанд ва мунтазам хатари селзанӣ заминҳои кишоварзиро таҳдид мекард».   

Маврид ба тахзаккур аст, ки дар корхонаи «Оби ширин» 7 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шуда, мавзеъ ва каналу ҷӯйборҳои таъмирталабро ба намояндагони ташкилот ошкор намуда, дар тайёр намудани лоиҳа ва сметаи иншоот фаъолона ширкат доранд. Бино ба иттилоъ, 80 фоизи маблағҳои масрафшаванда барои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ташкилоти ЮСАИД ва 20 фисади боқӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ пардохт мегарданд.

Дар ҳоли ҳозир ассоситасияи истифодабарандагони оби кишоварзӣ ба 21 хоҷагии деҳқонӣ тариқи шартномавӣ хизмат расонда, меояд.





































Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!