Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:03

Душанбе ва Лаҳор имконияти тақвияти ҳамкориҳоро доранд

3 ноябр 2012, 04:43

Дар шаҳри Лаҳор мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо губернатори вилояти Панҷоб Муҳаммад Латиф Хоса баргузор гардид.

Тавре Давлат Нарзиев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод,  дар рафти сӯҳбат масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон ва хусусан бо вилояти Панҷоб мавриди муҳокима қарор дода шуд. Сафир оид ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва захираҳои саноатӣ, энергетикию обӣ ва табии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.Таъкид карда шуд, ки ҷониби Покистон, аз ҷумла соҳибкорони вилояти Панҷоб метавонанд ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар самти сармоягузории соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва ташкили корхонаҳои муштарак вусъат диҳанд.

Зимнан, Муҳаммад Латиф Хоса ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, иброз дошт, ки ҷониби Покистон густариши муносибатҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон муҳим меҳисобад.

Дар навбати худ дипломати тоҷик гуфт, шаҳрҳои Душанбе ва Лаҳор бародаршаҳр мебошанд ва ин имконият низ бояд барои тақвияти муносибатҳо дар тамоми заминаҳо истифода бурда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!