Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:32

М.Кабирӣ: Бадахшон қавитар буд, аммо…

5 ноябр 2012, 09:23

Дар мусобиқаи ҳандболбозони ҷумҳурӣ тими шаҳри Душанбе ғолиб омад.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳандбол, ки тайи 3 рӯз дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, бо пирӯзии дасти ҳандболбозони пойтахт ба анҷом расид. Дастаи Хатлон ва Бадахшон мутаносибан, ҷойҳои дуввум ва саввумро соҳиб шуданд. Ҷамъбасти мусобиқа, рӯзи якшанбеи 4-уми ноябр бо ҳузури раиси федератсияи ҳандболи кишвар Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифт.

Оқои Кабирӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» гуфт, «Дар ин мусобиқа агарчӣ тими Душанбе ғолиб омад, вале бояд гуфт, ки дастаи Бадахшон  қавитар буд, ҳарчанд зинаи саввумро ишғол намуд. Миёни бонувон бошад, дастаи ноҳияи Панҷ пурқувватар аз ҳарифон аст, аммо онҳо низ медал нагирифтанд». Ба қавли раиси федератсияи ҳандболбозони ҷумҳурӣ, тайи 5 соли ахир ин намуди варзиш дар Тоҷикистон рушд мекунад. Ҳарчанд тайи ин муддат ҳандбол аз ягон ҷониб кӯмаки молиявӣ намедид, аммо барои нахустин маротиба буд, ки соли равон аз ҷониби сохторҳои давлатӣ барои пешравии он маблағгузорӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик тими ҳандболбозони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи минтақавии байналмиллалӣ ба ҷумҳурии Афғонистон меравад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!