Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:05

Иноятов якумр дар зиндон мемонад

5 ноябр 2012, 11:52

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини 21-солаи ноҳияи Зафарободро ба ҳабси якумра  маҳкум кард.

Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар додгоҳи номбурда иттилоъ доданд, Қувондиқ Иноятов дар куштори бераҳмонаи се сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳам дониста шуда, бо ҳукми суд боқимондаи ҳаёти худро паси панҷараи маҳбас хоҳад гузаронд.

Ёдовар мешавем, шаби 18-уми июли  соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматии худ сокинии 66-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, нафақахур Абдусалом Сайфуддинов ва боз ду нафар меҳмонони вай, сокинони  ҳамин нохия бо табар ба қатл расонида шуда буданд. Вале мақомоти тафтишотӣ аз из ҷиноят танҳо санаи 23-уми июл  огаҳӣ ёфтанд, ки ҷасадхо аллакай бӯй гирифта буданд. Пас аз чанд рӯз дар иртибот ба ин ҷиноят Қувондиқ Иноятов боздошт гардида, тафтишоти қазияи ӯ имрӯз ба анҷом расид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!