Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Девонаев дар Рӯдакӣ муҳоҷирати ғайриқонуниро «ҳал» карданист

5 ноябр 2012, 12:00

Дар назар аст, рӯзи 7-уми ноябр Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо раисони ҷамоат ва фаъолони ноҳияи Рудакӣ мулоқот намояд.

Аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, ки мақсад аз ин мулоқот  корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Зимни ин нишаст қарор аст, масоили мухталиф, аз қабили шиносоӣ бо вазъи хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатии минтақа дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони кишвар, ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва саҳми онҳо дар рушди ноҳия баррасӣ гардад.

Манбаъ илова намуд, ки иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Тоҷикистон, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда низ дар ҷараёни ин ҳамоиш матраҳ хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!