Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Машқҳои муштараки зиддитеррористӣ дар минтақаи Ромит

7 ноябр 2012, 09:49

Аз 7-ум то 18-уми ноябри соли равон дар ҳудуди минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат машқхои муштараки зиддитеррористии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қазоқистон гузаронида мешавад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа ба Озодагон иттиллоъ дод, ки дар машқҳои муштарак наздики сад нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои таъиноти махсуси қувваҳои мусаллаҳи ин ду кишвар ширкат намуда, яроқу аслиҳаи мухталифи сабуки оташфишони ҷангӣ истифода хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории машқҳои муштарак, ин тарҳрезӣ намудани назару муносибати ягона дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳистон, ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷузъу томҳои дар он ширкаткунанда, вобаста ба таъмини амният дар минтақа ва табодули таҷрибаомузӣ дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ арзёбӣ шуд.

Манбаъ илова намуд, ки машқҳои муштарак таҳти роҳбарии Тоҳир Хайруллоев,  муовини фармондеҳи қушунҳои зудамали Точикистон ҷараён гирифта, дар он беш аз даҳ унсури зиддитеррористӣ вобаста ба безараргардонӣ ва маҳв намудани душманони шартӣ таҳрезӣ карда мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!