Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:44

Лату кубӣ сардовар. Дар бозии "Энергетик"-у "Истаравшан"

9 ноябр 2012, 04:20

Бозии дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ки бо сабаби бетартибиҳои футболбозону мухлисон дар дақиқаи 81-уми сабқат қатъ гардид.

Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба Озодагон иттилоъ дод, ки вақте ки ҳисоби бозӣ 1:1 будааст, дар дақиқаи 81-уми сабқат Баҳром Саъдуллоев, сардовари бозӣ ба Миралӣ Муродов, дарвозабони дастаи «Энергетик» корти сурх нишон медиҳад.

Номбурда иброз намуд, ки дар ҳамин лаҳза бозингар Сафархон Мирзоев аз дастаи «Энергетик» ба сардовар бо нишони эътироз даруфтодааст, ки барои ин амалаш сардовар ба Мирзоев низ корти сурх додааст: «Ҳамин тариқ бозигарони «Энергетик» ба сардовар ҳуҷум мекунанд. Билохира бархе аз мухлисон бо ҷонибдори аз сардовар вориди майдон шуда, ба футболбозони «Энергетик» дарафтодаанд».

Фаридун Солиев мегӯяд, ин ҳодиса дар наздиктарин фурсат дар кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор  хоҳад гирифт.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:0 шикаст хурд.

Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва ССКА «Помир»-и Душанбе, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа миёни ҳам рақобат карданд, ССКА «Помир» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ду бозии дигари даври 24-ум дирӯз 8-уми ноябр баргузор гардид.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бо тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров рақобат намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом ёфт.

Дастаи «Гвардия»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан»

21

17

2

2

41-9

53

2

«Регар-ТадАз»

21

16

4

1

62-15

52

3

«Хайр»

22

15

3

4

42-25

48

4

«Истиқлол»

19

13

4

2

54-10

43

5

«Парвоз»

21

9

4

8

42-30

31

6

«Вахш»

23

9

4

10

28-20

31

7

ССКА «Помир»»

22

7

6

9

23-23

27

8

«Хуҷан»

21

7

6

8

27-30

27

9

«Истаравшан»

20

7

4

9

31-37

25

10

«Энергети»

20

6

6

8

26-27

24

11

«Ҳосилот»

22

4

2

16

18-56

14

12

«Гвардия»

22

3

0

19

15-61

9

13

«Зарафшон»

22

1

3

18

21-87

6

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев («Истиқлол»)-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»)-16 гол, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»)-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Нуъмон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!