Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

Исфара: Боздошти имом-хатиб бо ҷурми узвият дар ҲИӮ

16 июн 2011, 10:03

Боз як узви «Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон» дар шимоли Тоҷикистон боздошт гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии «Озодагон» дар вилояти Суғд,кормандони раёсати корҳои дохилаи вилоят аснои баргузории як амалиёти вижа имом-хатиби масҷиди панҷвақтаи рустои Муллоёни шаҳри Исфараро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, номбурда (А.А)  бо тахаллуси «Анвар  аз соли 2007 ба ин сӯ аз ҷонибдорон ва тарғибкунандагони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар шимоли Тоҷикистон будааст.

Вай бо мақсади пурқувват намудани фаъолияти иттиҳоди ҷиноӣ, расонидани кӯмак ба аъзоёни дар кофтуков қарор доштаи он, бо мақсади бемамониат гаштугузор кардани аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара ва берун аз он, ки дар кофтуков қарор доштанд, бевосита мусоидат мекардааст.

Оиди ин ҳодиса  маводҳои ҷамъовардашуда бо моддаи 187, қисми 2 ( ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ ба парвандаи ҷиноятии қаблан оғоз шуда, зам гардида тафтишот идома дорад»- афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!