Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:45

Сӯгномаи устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

10 ноябр 2012, 04:51

Марги устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар ҷаҳони форсизабонон танини пурсӯзе дошт ва  бисёре аз рӯшанфикрон ва соҳибназарон дар ин сӯю он сӯи ҷаҳон муътақид бар онанд, ки фуқдони устоди бузургвор барои фарҳангу тамаддуни мо, ҷуброннопазир мебошад…


Раиси бемористони "Меҳр" и Теҳрон дар рӯзи ба раҳмати эзадӣ пайвастани устод навишта буд, ки "яке аз ифтихороти ман, ба унвони пизишк, доштани беморе буд бисёр донишманд ва фарҳехта ва яке аз бузургтарин ва маъруфтарин афроде, ки беш аз 60 соли умри хешро барои мутолиъаи адабиёти форсу тоҷик сарф кардааст…" Дигарӣ навишта буд, ки устод Шакурӣ дар миёни донишмандони тоҷик ҳамто надошт, сеюмӣ навишта буд, ки Шакурӣ бузургтарин нигаҳбони ҳуввияти милии тоҷикон буд, чаҳорумӣ овардааст, ки устод Шакурӣ аз сарварон  ва пешгомони ҷунбиши тоҷикон, дар роҳи худшиносии миллӣ мебошад!

Мо дар зер ду матлабро, ки яке ба қалами шоъири тавоно ва озодманиш Ҳоруни Роъун тааллуқ дошта, дигарӣ навиштаи доктор Муҳиддини Маҳдӣ аст, пешкаши хонандагони мӯҳтарами ҳафтаномаи  "Озодагон" мекунем. Ин ду бузургвор аз ҳамқавмону ҳамтаборони азизи мо ҳастанд ва зодаи  кишваре, ки имрӯз Афғонистон ном дорад. Ҳорун солҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ карда дар ашъораш Тоҷикистонро бо муҳаббат ёд мекунад ва меҳани худ медонад. Бо устод Шакурӣ мулоқотҳое дошта ва сӯҳбатҳое, ки шояд рӯзе хулосаи онҳоро бинвисад. Ин дӯсти нозанин ҳоло дар шаҳри Торонто ба сар мебарад. Ин ки ҳамқавми дигари мо, доктор Маҳдӣ, дар куҷо ба сар мебарад, ман иттилоъ надорам ва навиштаи эшонро аз сойти рӯзномаи "Мондагор"(Афғонистон) дарёфт кардам.

Бо эҳтиром Сафар Абдуллоҳ


Сӯги Хуросон дар марги Муҳаммадҷон Шакурӣ

Хабари даргузашти донишманди гаронмоя, академисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, барои ман бисёр таъсировар буд. Шакуриро чандин бор мулоқот карда будам. Дар соли 1997 ӯ ба китоби ман зери номи  "Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ" муқаддимае олимона навишт. Эътиқоди он замони маро, ки гумон мекардам забони бохтарӣ модарзабони дарӣ аст, бо оҳистагӣ интиқод кард ва гӯшзад  кард, ки "забони бохтарӣ яке аз гӯишҳои забони бузурги дигаре буда, ки қабл аз тадовули гӯиши дарӣ дар Хуросон, дар дарборҳои Кӯшонӣ ва Ҳайтолӣ мутадовил будааст".

Ҳарчанд барои муъаррифии Муҳаммадҷон Шакурӣ, танҳо муқаддимае ки ӯ ба китоби  " Намунаи адабиёти тоҷик"и Садруддини Айнӣ навишта кофист, аммо аз Шакурӣ даҳҳо асари арзанда дар даст аст. Шакурӣ дар он муқаддима таърихи Варорудон (Мовароуннаҳр)ро аз замони Сомониён, то истилои Русияи шӯравӣ ба сурати мӯъҷаз ба риштаи таҳрир дароварда ва далоили айниро барои нигориши китоб, ки  ҳамоно посух ба инкори мавҷудияти таърихии забони форсӣ дар Варорӯдон аст, ба зебоии тамом баён карда; чандон ки хонандаи аҳли Афғонистонро ба таваҳум меандозад, ки нашавад Шакурӣ аз таърихи Хуросони шарқӣ сухан мегӯяд ва аз симате, ки ба забон ва адабиёти форсӣ дар ин хита раво дошта мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки тайи қуруни нуздаҳум ва бистум, истеъмори туззорӣ ва инглисӣ ва бозмондагони онҳо, дар муқобили забон ва фарҳанги форсӣ, дар ду бахши Хуросон, равишҳои бемисл анҷом доданд.

Шакурӣ дар китоби "Хуросон аст, ин ҷо" эҳсосоти ғолиб дар Тоҷикистони пас аз истиқлолро, ки бисёр маҳаллигарост, интиқод мекунад ва барои аввалин бор "ҳувияти хуросонӣ"ро барои сокинони Хуросони таърихӣ пешниҳод мекунад. Ӯ аз ин лиҳоз ҳаққи бузурге ба гардани касоне дорад, ки доъияти "хуросонӣ" буданро дар баробари ҳуввиятҳои қавмӣ унвон менамоянд.  

Ҳуввиятҳои қавмии сокинони Хуросонро ба ҷони ҳам андохта ва ифтихороти муштаракро, ки аз они ҳамаи ақвом ( шояд манзури муаллиф ақвоми эронӣ бошад С.А.) ва мутааллиқ ба тамаддуни исломӣ буда, порча порча карда аст. Ин чизест, ки Шакурӣ ба хубӣ ба он пардохта ва зери ливои "ҳуввияти хуросонӣ" ақвоми сокин дар сарзамини васеъе миёни Сирдарё то марзҳои Сиистону Вазиристонро соҳиби ҳуввияти воҳид донистааст.

Шаҳкори Шакурӣ, рисолаи доктории ӯ "Садриддин Айнӣ" аст. Шакурӣ ин китобро ба хатти форсӣ (ба қавли тоҷикон, хатти ниёкон…) нигошта аст. (Дар асл ин рисола ба забони русӣ ва хатти сирилик буда, пасон ба хатти порсӣ низ интишор шуда буд С.А.) Аксари осори Шакурӣ ба хатти форсӣ аст. (Дареғо, ки чунин нест,балки андаке аз осори устод ба форсӣ интишор шуда аст!С.А.). Ин китоб Айниро ба унвони пешвои наҳзате нишон медиҳад, ки асри торики хонаводаи манғитиро пушти сар мегузорад ва тоҷикони Осиёи Миёнаро вориди асри шӯравӣ месозад. Ин ҳаракат дар осори Айнӣ тарсим гардида ва дар забони шеъру насри ӯ ба ваҷҳи аҳсан тасвир шуда аст. Айнӣ намояндаи шеър ва насри ҳамин давра аст; чунонки Шакурӣ худ намояндаи интиқол аз асри советӣ ба асри истиқлоли сиёсӣ ва адабии тоҷикони Осиёи Миёна аст. Ҷо дорад ин буъди кори Шакурӣ, мавзӯъи нигориши асаре аз гунаи  китоби "Садриддин Айнӣ"и ӯ бошад.

Фуқдони устод Шакурӣ дар ҷомиъаи илмӣ ва адабии ҷаҳони форсигӯй маҳсус ва ҷои ӯ барои солиёни дароз холӣ хоҳад буд; магар ин ки он заминаи пурборе, ки хоки Хуросон дорад ва он истеъдод ва боландагие, ки забони форсирост, ин камбудро ҷуброн намояд ва ба зуддӣ фарзанде барумандеро бо қалами тавоно вориди майдон созад.
Эдун бод!
Доктор Маҳдӣ
Муҳраи арзишманд

Ором буд ва ҳамеша меларзид; доим гӯш мекард ва оромиши тамоми шабҳои танҳоӣ дар замираш замзама  мешуд, аммо ҳангоме, ки забонаш муҷрии амонатдори вожаҳо мегашт, медидӣ ки дар канори кӯҳе нишастаӣ ва азамати як сайёра дониш дар канорат барқ мезанад. Чашмонаш умқи таърихи дарднокеро хомӯшона ҳикоят менамуд, ки сад Тоҷикистон ранҷ, дар онҳо ҷавона зада буданд.

Корномаҳояш соъати зангдорест, ки як миллатро аз хоби тӯлонӣ бедор кардааст ва ҳанӯз ки ҳанӯз аст, ин зангҳо бояд ба гӯши он чашмҳое бирасанд, ки хобро такрор дар такрор таҷриба мекунанд ва айби ғафлат дар зеҳнҳои коҳилашонро ҳунар ҷилва менамояд. Баъзе аз сӯҳбатҳояшро рӯи навор сабт дорам, ки гоҳу ногоҳ мебинаму мешунавам. Зиндагӣ шатранҷи номаймунест, ки мӯҳраҳо нақшашонро бозӣ мекунанд ва мераванд, аммо баъзе аз мӯҳраҳо он қадар нақши арзанда доранд, ки тамоми бозӣ бар меҳвари онҳо мечархад ва набудашон (низ С.А.) замомини бозанда шудан аст; танҳо агар пеш аз рафтан нақшашонро масъулона бозӣ карда бошанд, рафтани эшон низ замзамаи пирӯзӣ хоҳад буд, агар дастҳои бозигар ба аҳамияти шон пай бурда бошанд ва арзиши роҳи шонро ба ночиз табодила накунанд! Бидуни шак, ки марҳум устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз он мӯҳраҳои арзишманди бедоргарӣ буд, ки дар барҳам задани хоби ғафлати як миллат ҷойгоҳи арзанда ва номиро дорад.
Бисёоооооор дӯсташ дорам!

Холист ҷойи илми ту дар мактаби адаб,
Гулпуна ҳамсари гули сӯрӣ намешавад.
Вақте замин зи хотираи илми ту пур аст,
Тағйири ранг мояи дурӣ намешавад.
Садҳо ситора боз дурахшад баланду лек,
Шамъи шукуҳи шӯри Шакурӣ намешавад!

Ҳоруни Роъун


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!