Бахшҳо

Боздошти се «собиқадор»-и бозори нашъа

Роҳандозии як амалиёти бисёрзинаии махсус аз ҷониби кормандони АНМН муҷиби мусодираи 44 кило афюн шуд.

Амалиёти мазкур аз се марҳила иборат буд ва ҳадаф дошт боз як роҳи интиқоли ғайриқонунии нашъаро аз тариқи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия масдуд созад. Бобоҷон Шафиев, корманди Агентии мазкур  дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт: «Чанд моҳ пеш кормандони Агентӣ ба ҳуҷҷатикунонии фаъолиятҳои пинҳонии як гурӯҳи муташаккили ҷинояткор оғоз карданд, ки чанд нафар сокинони ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба ҳайати он шомил буданд. Аъзои ин гурӯҳ миқдори бағоят калони маводи мухаддирро мехост ба қаламрави Русия интиқол диҳанд».  

Зимнан, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ду сокини ноҳияҳои номбурда, ки яке 46 ва дуюмӣ 48 сол дошт, бо халтаи мухаддир боздошт шуданд ва лабораторияи ташхиси судӣ 27 кило афюн будани онро тайид карда буд. Дар нахустин рӯзи ин боздошт маълум шуд, ки ин ду нафар боз шарикони дигар низ доранд, ки дар айни замон бо онҳо нестанд.

Ин буд, ки идомаи амалиёти шиносоӣ ва боздошти онҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он оғоз гардид. Баъди таҳқиқу пурсиш мушаххас шуд, ки яке аз он шарикон, шаҳрванди 38-солаи ноҳияи Ваҳдат будааст: «Ҳангоми боздошт ва кофтуков дар хонаи ӯ бо кӯмаки саги хидматӣ дар пинҳонгоҳи махсус омодакарда шуда, 18 баста маводи навъи афюн кашф ва мусодира гардид, ки вазни умумии он тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судӣ 17 кило буд».

Маврид ба ёдоварист, ки ин се   боздоштшуда аллакай қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба нашъа суд шуда будаанд. Вале баъди баромадан аз зиндон   боз бо ҳамон пайроҳа рафтаанд.   

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)