Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:37

«Равзанаи ягона»-и Тайланд ҳайати Тоҷикистонро интизор аст

14 ноябр 2012, 11:57

16-уми ноябри соли равон ҳайати кории Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз «Равзанаи ягона»-и Тайланд озими ин кишвар мешаванд.

Шаҳло Акобирова, раҳбари Созмони ҷамъиятии «Хома» ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ин сафар намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, муовинони Вазоратҳои адлия ва молия, намояндагони Вазорати нақлиёт,Вазоратҳои рушди иқтисод ва тандурустӣ, Маҷлиси намояндагон, Хадамоти гумрук, Тоҷикстандарт, директори «Равзанаи ягона»-и назди Хадамоти гумрук ва дигар намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу маҳаллӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, ин сафар барои боздид аз «Равзанаи ягона»-и Тайланд ва омӯхтани таҷрибаи ин кишвар сурат мегирад, ки  барои беҳтар роҳандозӣ намудани «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон мусодат мекунад.

Барномаи «Равзанаи ягона» наздики 30 сол мешавад, ки дар Тайланд ҷорист ва муваффақ амал кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар Тоҷикистон бошад барномаи «Равзанаи ягона» аз12-уми июни соли 2012 оғоз шуда, дар сурати истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо то октябри соли 2013 ин барнома иҷро хоҳад гашт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!